Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 26-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 26-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 26-УМИ КПСС, 23 феврали соли—3 марти 1984 дар Москва барпо гардид. Дар он 5002 вакил иштирок карданд. Дар съезд вакилони 123 партияи коммунистӣ, коргарӣ, миллӣ-демократӣ ва дигар партияю ташкилотҳо аз 109 мамлакати хориҷӣ иштирок доштанд.

26-sezd-kpss

Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии КПСС ба Съезди 26- уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ ва вазифаҳои навбатии партия дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва берунӣ; Ҳисоботи Комиссияи марказии тафтишоти КПСС (КМТ); Роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва сосиалииСССР дар солҳои 1981— 85 ва дар давраи то соли 1990; Интихоби органҳои марказии партия.

Съезд «Роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва сосиалии СССРдар солҳои 1981—85 ва дар давраи то соли 1990»-ро тасдиқ намуд.

Съезд қайд кард, ки сарфи назар аз мураккабу пуршиддат будани вазъияти байналхалқӣ муҳофизати сулҳ муассар гардид.

Съезд ба мустаҳкам намудани асосҳои моддӣ ва маънавии тарзи сосиалистии ҳаёт, ташаккули одами нав диққати хеле ҷиддӣ дод. Съезд таъкид намуд, ки муваффақиятҳои Мамлакати Советӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аз роли роҳбарӣ ва ташкилотчигии Партияи коммунистӣ ҷудонашавандаанд. Съезд вазифа ба миён гузошт, ки дар тамоми ташкилотҳои партиявӣ рӯҳи худтанқидкунӣ, оштинопазир будан ба камбудиҳо минбаъд ҳам пойдор карда шавад. Сьезд ба такмили мибаъдаи системаи ҷойгирӣ, тайёр карданва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо диққати махсус дод. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 320 аъзо ва 152 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии тафтишотро иборат аз 75 аъзо интихоб кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …