Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 25-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 25-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 25-УМИ КПСС, 24 феврали соли—5 марти 1976 дар Москва барпо гардид. Дар он 4998 вакил иштирок кард. Дар съезд вакилони 103 Партияи коммнистӣ, коргарӣ, миллӣ, демократӣ ва социалистӣ аз 96 мамлакат ба сифати меҳмон иштирок доштанд. Рӯзномаӣ съезд: Ҳисоботи Комитети Маркази КПСС ва вазифаҳои навбатии партия дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва берунӣ; Ҳисоботи Комиссияи марказии тафтишоти КПСС (Комитети Марказӣ); Роҳҳои асосии тараққиёти хоҷатии халқи СССР барои солҳои 1976—80; Интихоби оргаиҳои марказии партия.

25-sezd-kpss

Съезд «Роҳҳои асосии тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1976—80»-ро тасдиқ кард (нигаред Планҳои панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқи СССР).

Съезд вазифаҳои нави КПСС-ро дар арсаи байналхалқӣ муайян намуд, ки давом ва инкишофи узвии Программаи сулҳ — муборизаи минбаъда барои сулҳ ва ҳамкории байналхалқӣ баҳри озодӣ ва истиқлолияти халқҳо мебошад. Вакилони съезд изҳороти «Маҳбусони зиндонҳои империализм ва реакция озод карда шавад»-ро якдилона маъқул карданд. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 288 аъзо ва 139 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии тафтишотро иборат аз 85 аъзо интихоб кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …