Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 24-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 24-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 24-УМИ КПСС, 30 март— 9 апрели соли 1971 дар Москва барпо гардид. Дар съезд 4740 вакил бо овози ҳалкунанда ва 223 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд. Дар съезд вакилони 102 партияи коммунистӣ ва коргарӣ, партияҳои миллӣ- демократӣ ва сосиалистии чап аз 91 мамлакат ба сифати меҳмон иштирок доштанд.

24-sezd-kpss

Рӯзномаи съезд: Маърузаи ҳисоботии Комитети Маркази КПСС; Маърӯзаи ҳисоботии Комиссияи марказии тафтишот (КМТ); Директиваҳои Сьезди 24- уми КПСС оид ба плани панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1971—75; Интихоби органҳои марказии партия.

Сьезд рохи сиёсӣ ва фаъолонаи амалии Комитети Маркази КПСС, пешниҳоду хулосаҳоеро, ки дар маърӯзаи ҳисоботии Комитети Маркази КПСС зикр ёфтаанд, пурра ва комилан маъқул донист, аз рӯи ҳисоботи Комитети Маркази КПСС резолюцня қабул намуд; ҳисоботи Комиссияи марказии тафтишотии КПСС, Директиваҳои Съезди 24-уми КПСС оид ба плани панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1971—75-ро тасдиқ кард. Съезд Программаи сулҳро, ки дар Маърӯаи ҳисоботии Комитети Марказии КПСС пешниҳод шуда буд маъқул донист.

Съезд зарурати минбаъда баланд бардоштани роли роҳбаронаи партияро дар сохтмони коммунистӣ, такмил ва беҳтар намудани роҳбарии партияро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нишон дод. Съезд ҳуқуқи аз болои фаъолияти маъмурият назорат кардани ташкилоҳои ибтидоии партиявиро, ки дар Устави КПСС муқаррар карда шудааст, мувофиқи мақсад донист. Ин гуна ҳуқуқ ба таҳсилотҳои ибтидоии партиявии институтҳои тадқиқоти илмӣ, донишкадаҳо, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва табобатӣ дода мешавад. Мӯҳлати даъвати съездҳои партия ва конференцияҳои партиявӣ тағйир дода шуд. Қарор шуд, ки съездҳои КПСС ва партияҳои коммунистии республикаҳои иттифоқӣ дар ҳар панҷ сол як бор, конференсияҳои партиявии кишварӣ, вилоятӣ ва районӣ ду бор даъват карда шавад. Съезд Комитети Марказиро иборат азаъзо ва 156 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии тафтишотро иборат аз 81 аъзо интихоб кард.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …