Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 22-ЮМИ КПСС

СЪЕЗДИ 22-ЮМИ КПСС

СЪЕЗДИ 22-ЮМИ КПСС, 17-31 октябри соли 1961 дар Москва барпо гардид. Дар он 4394 вакил бо овози ҳалкунанда ва 495 вакил бо овози машваратӣиштирок карданд. Дар съезд вакилони 80 партияи коммунистӣ, коргарӣ ва миллии демократии мамлакатҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

22-sezd-kpss

Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи ҳисоботии Комитети Маркази КПСС; Маърӯзаи ҳисоботии Комиссияи марказии тафтишот (КМТ); Лоиҳаи Программаи КПСС; Дар бораи тағйирот дар Устави КПСС; Интихоби органҳои марказии партия.

Съезд Программаи нави партия (дар таърихи КПСС 3-юмин)-ро қабул кард (нигаред Программаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ).

Съезд Устави Партияи Каммунистии Иттифоқи Советиро дар таҳрири нав қабул кард. Дар Устави партия, вазифа ва ҳуқуқҳои асосии коммунистон муайян карда шудаанд, нормаҳои ташкилӣ, ки тартиби ба партия қабулкунӣ ва аз КПСС хориҷ кардан ва ғайраро ба низом медароранд, ифода ёфтаанд. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 175 аъзо ва 155 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии тафтишотро иборат аз 65 аъзо интихоб кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …