Маълумоти охирин

Архивы за день : 24.01.2018

МУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович

nophoto

МУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович (таваллуд 16.12.1924, шаҳри Бухоро), рентгенологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1970). Баъди хатми Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1944) то соли 1947 мудири шуъбаи нигаҳдории тандурустии pайони Ғарм буд. Солҳои 1948—50 сардухтури курорти Обигарм; 1951 —55 мудири шуъбаи нигаҳдорин тандурустии вилояти Ғарм. Солҳои 1956—57 дар Вазорати нигаҳ-дории …

Муфассал »

МУҲИББӢ

nophoto

МУҲИББӢ  (тахаллус.; номаш Қулбобо; соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бино ба маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ кӯкалтошӣ (бародари шир-хораи) мӯътабар ва ҳамзоди машҳури Абдуллохони II будааст. Аз ин рӯ бо номи Қулбобои Кӯкалтош низ шӯҳрат дорад. Мадрасаи Кӯкалтош бо сардории Муҳиббӣ сохта …

Муфассал »

МУҲИБАЛИИ НОЙ РУБОБӢ

nophoto

МУҲИБАЛИИ НОЙ РУБОБӢ) (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, бастакор ва мусиқидони охири асри 15 — аввали асри 16 форс-тоҷик. Писари мусаввири машҳур Рустамалии Қиравӣ. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Ҳирот омӯхтааст. Аз ҷавонӣ навохтани най, рубоб, чанг ва удро аз худ карда, ба номҳои фахрии Устоди Ной, Устоди Рубобӣ мушарраф …

Муфассал »

МУҲАҚҚАҚ

muhakkak

МУҲАҚҚАҚ (арабӣ — тадқикшуда, аниқ), як навъи хати арабӣ. Шакли такмилёфтаи хати кӯфӣ. Дар асрҳои 9—10 ба вуҷуд омадааст. Ба хатҳои райҳон ва сулс хеле монанд аст. Хаттоти маъруф Ибни Муқла Муҳаққақро такмил дода, дар тарзи навишти он шеваи махсусе ҷорӣ карда буд. Аз ин ҷост, ки Муҳаққақро ихтирои Ибни …

Муфассал »

МУҲАССИЛОНА

muhassilona

МУҲАССИЛОНА аз арабӣ  ҷамъоварандаи андоз), андозест, ки дар Осиёи Миёна муҳассил ба фондаи худ аз деҳқонон меситонд. Азбаски муҳассилон аз ҳокимияти марказӣ маош намегирифтанд, онҳо ҳангоми ғундоштани андози давлатӣ бо иҷозати амир (шоҳ) ба фондаи худ бо номи Mуҳассилона андозе мерӯёнданд. Mуҳассилона дар адҳи Темуриён бо фармони султон Хусайн (солҳои …

Муфассал »

МУҲАРРИКҲОИ ҲАРОРАТӢ

muhariki-harorati

МУҲАРРИКҲОИ  ҲАРОРАТӢ, муҳаррикҳоеанд, ки дар онҳо энергияи гармӣ ба кори механикӣ табдил дода мешавад. Муҳаррикҳои ҳароратӣ захираҳои энергетикии табииро дар намуди сӯзишвории химиявӣ ё ядроӣ истифода мебаранд. Муҳаррикҳои ҳароратӣ ба муҳаррикҳои поршенӣ, рото-рӣ ва реактивӣ ҷудо мешаванд. Истифодаи муштараки онҳо низ имконпазир аст (масалан, муҳаррики турбореактивӣ). Муҳаррикҳои ҳароратиро аз рӯи …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ ЭЛЕКТРӢ

muhariki-elektri

МУҲАРРИКИ ЭЛЕКТРӢ, мошинест, ки энергияи электриро ба энер-гияи механикӣ табдил медиҳад. Муҳаррики электрӣ дар саноат, нақлиёт, рӯзгор ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ намуди асосии муҳаррик ба шумор меравад. Аз (рӯи навъи ҷараёни электрӣ муҳаррикҳои электрии ҷараёни доимӣ (афзалияти асосии ин муҳаррикҳо дар он аст, ки басомади чархзании онҳоро сарфакорона ва …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ ТУРБОРЕАКТИВӢ

muhariki-turboreaktivi

МУҲАРРИКИ ТУРБОРЕАКТИВӢ(МТР), муҳаррики газотурбинагии авиатсиониест, ки дар он қувваи кашишро ҷараёни газҳои аз соплои реактивӣ беруншаванда ҳосил мекунанд (расм). Муҳаррики Турбореактивӣ МТР дар самолётҳои фавқуссадо чун муҳаррикҳои маршӣ ва дар самолётҳои амудипару амудинишаст чун муҳаррикҳои болобардор татбиқ меёбад. Дар рафти парвоз ҳавои атмосфера аввал дар ҳавоғундорак, сипас дар турбокомпрессор фи-шурда …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ ТУРБОРАКЕТӢ

muhariki-turboraketi

МУҲАРРИКИ ТУРБОРАКЕТӢ муҳаррики муштаракест, ки дар он муҳаррики ракетии моеӣ барои ба ҳаракат овардани турбинаи муҳаррики турбореактивии камераи форсаждор ҷисми корӣ ҳосил мекунад. Дар самолётҳои ҳавоию кайҳонӣ ва зинаҳои аввали ракетаҳои ҳомил истифода бурдани Муҳаррики турборакетӣ пешбинӣ шудааст. Нигаред низ Муҳаррики авиатсионӣ.

Муфассал »

МУҲАРРИКИ ТРАКТОР

muhariki-traktor

МУҲАРРИКИ ТРАКТОР барои тракторҳо муҳаррики дарунсӯз истифода мешаванд. Тракторҳое, ки корхонаҳои тракторсозии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР истеҳсол мекунанд, асосан бо дизелҳои чортакта кор мекунанд. Иқтидори Муҳаррики трактор тавассути класси кашиш (нигаред Трактор) муайян карда мешавад ва ҳангоми ба 800—2500 гард/ дақиқа баробар будани басомади чархзании …

Муфассал »