Маълумоти охирин

Архивы за день : 21.01.2018

МУХҲАММАДИ ХОРАЗМШОҲ

nophoto

МУХҲАММАДИ ХОРАЗМШОҲ Муҳаммад ибни Такаш (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1220), шоҳи Хоразм (1200—1220). Муҳаммади Xоразмшоҳ бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидор ва ва­сеъ кардани сарҳади давлати Хоразмшоҳиён сиёсати падарро давом дода, бар зидди Қарокидоиён, Аббосиён ва Ғуриен ҷангид. Соли 1207 бо баҳонаи пахш намудани шӯриши Малик Санҷар Бухороро ишғол намуд. …

Муфассал »

МУХАММАДИ САМАРЦАНДЙ

nophoto

МУХАММАДИ САМАРЦАНДЙ  Абумансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Ҳанифии Мотридӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 946, Мотрид. Самарканд), факехи форс-точик. Шогирди Мухаммад иб­ни Фаэл. Бо Абулҳасани Ашъарӣ (вафоташ 873) дар ҳаракати мазҳабӣ ҳанифия ширкат варзидааст. Таълифо­ти Муҳаммад , ки масъалаҳои мухталифи фикҳи асрҳои миёнаро дар бар мегирад, хеле зиёд аст: …

Муфассал »

МУҲАММАДИ РАЗАӢ

nophoto

МУҲАММАДИ РАЗАӢ Ибни Алоуддин (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнавис ва мусаввири асри 15 форс-тоҷик. Яке аз шогирдони  Султоналии Машҳадӣ. Аз намунаҳои осори боқимондаи ӯ маълум мегар­дад, ки дар санъати хаттотӣ хеле ҳунарманд буда, махсусан, настаълиқи хафиро хеле олӣ менавиштааст. Аз намунаи осори ӯ «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ (бо хати зебои …

Муфассал »

МУҲАММАДИ ПОДШОҲ

nophoto

МУҲАММАДИ ПОДШОҲ ибни Ғуломмудиддини мутахаллис ба Ш о д, маъруф ба Наси ми Мир (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва адиб, лугатнависи форсиэабони Х,ин- дустон. Дар а. 19 умр ба сар бурда- аст. Муншии роҷаи вилояти Вечинагар— Онандроҷ буд. Муҳимтарин асари Муҳаммад Подшоҳ «Фарҳанги Онандроҷ» мебошад. Д. Рауфов.

Муфассал »

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ

nophoto

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ — (1282, Омул, Мозандарони Эрон — 1349, ҳамон ҷо), мусиқишиноси форс-тоҷик. Аввал дар зодгоҳаш таҳсил намуда, барои такмили дониш ба Ироқ, Туркия ва якчанд шаҳрҳои Хуросон меравад ва дар илмҳои фалакиёт, арӯз, тиб ва мусиқӣ машҳур мегардад. Чанд муддат дар мадрасаҳои Исфаҳонӣ ва Султонияи Мозандарон таҳсил намуд. Мероси …

Муфассал »

МУҲАММАДИ НАСАВӢ

nophoto

МУҲАММАДИ НАСАВӢ— Аҳмад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Муншӣ мулаққаб ба Шиҳобуддин (соли таваллудаш номаълум, қалъаи Хурандизи назди ш. Нисо —1249, Ҳалаб), муаррихи асри 13. Аз оилаи заминдори хурди хуросонӣ. М. Н. чанде дар хизмати хокимони махаллии хонадони Алй Хамза буда, с. 1224 ба хизмати Ғиёссуддин (ба­родари Ҷалолуддини Хоразмшоҳ) мегузарад. Баъди …

Муфассал »

МУҲАММАДИ МУЪИН

nophoto

МУҲАММАДИ МУЪИН  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз, нависанда, мусикқишииоси охири асри 15— аввали  асри 16 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бу­хоро, дар Ҳирот фавтидааст. Санъа­ти мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Дар мадрасаи Ҳирот таҳсил намуда, илмҳои мусиқӣ ,бадеъ, қофия, ахлоқ, арӯзро аз худ кард. Аз овони ҷавонӣ ба сурудану навохтан шавқ дошта, махсусан …

Муфассал »

МУҲАММАДИ МУАММОӢ

nophoto

МУҲАММАДИ МУАММОӢ Мавлоно Шамсуддин Муҳаммади Бухороӣ (соли таваллудтва вафоташ номаъ­лум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Дар бораи ин шахс Навоӣ дар «Маҷолис- ун-нафоис» маълумот оварда, ӯро марди шӯху хуштабъе тавсиф менамояд. Муҳаммад Маъсум бо Навоӣ робитаи дӯстӣ ва рафтуомад доштааст. Аз муаммосозони машҳури даврааш ба шумор мерафт. Яке аз муаммоҳову дар …

Муфассал »

МУҲАММАДИ МАЪСУМ

nophoto

МУҲАММАДИ МАЪСУМ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттот ва муаррихи форс-тоҷик. Аслан аз мардуми Қандаҳор. Дар Синд ба дунё омада, дар ҳамон ҷо ба воя расида­аст. Дар асри шоҳони муғул обрӯ ва эътибори тамом доштааст. Чанде дар идораҳои давлатӣ хидмат кардааст. «Таърихи Синд» аз таълифоти ӯст. Хати настаъликро хеле зебо …

Муфассал »

МУҲАММАДИ ЛОҲИҶОНӢ

nophoto

МУҲАММАДИ ЛОҲИҶОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнависи охири асри 16—аввали асри 17  форс. Номи падараш Нуруддин Муҳаммад. Муҳаммади Лоҳивонӣ аз шогирдони беҳтарини Минимоди Хиравӣ буд. Ӯ дар дарбори Шоҳ Аббос ба китобат машғул шу­дааст. Баъди қатли устодаш ӯ аз ин даргоҳ ранҷида, ба Лоҳинон рафт ва пас аз муддате …

Муфассал »