Маълумоти охирин

Архивы за день : 20.01.2018

МУҲАММАДАЛИИ ҚӮЧОНӢ

nophoto

МУҲАММАДАЛИИ ҚӮЧОНӢ   (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1877), хушнавис ва донишманди форс. Аслан аз Қӯчон ном мавзеи Хуросон будааст. Лақаби Муҳаммадалии Қӯчонӣ «Санглох» бу­да, бештари осораш бо ин лақаб ва бо иловаи «Мирзо», яъне «Мирзо Санглох» боқӣ мондаанд. Дар бораи зиндагии ӯ маълумоти кофӣ нест. Муҳаммадалии Қӯчонӣ ба мамлакатҳои бисёр, аз ҷумла …

Муфассал »

МУҲАММАДАЛИИ МУСАВВИР

nophoto

МУҲАММАДАЛИИ МУСАВВИР  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва ҳаттоти охири асри 16— аввали асри 17. Зодгоҳаш Кошон. Санъати наққошӣ, сураткашӣ, ҳалкорию ҷадвалкаширо аз Абдуосамади Шерозӣ омӯхтааст. Инчунин дар санъати хаттотӣ ном бароварда, ба шаҳрҳои Исфаҳон, Шероз, Табрез рафта, бо тазйину тазҳиби девон машғул шуд. Пас ба Ҳирот ва аз …

Муфассал »

МУҲАММАД МАҲДИИ НАРОҚӢ

nophoto

МУҲАММАД МАҲДИИ НАРОҚӢ  (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1831), яке аз уламои шиаи Эрон. Маълумоти ибтидоиро дар Кошон касб намуд. Баъди аз худ намудани сарфу наҳв, илми мантиқ, маониву баён ва фиқҳ ба Исфаҳон рафта, дар ҳавзаи илмии он фалсафа омӯхт ва ба зодгоҳи худ баргашта, ба дарс гуфтан машғул шуд. Бештар …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБРОҲИМ

nophoto

МУҲАММАД ИБРОҲИМ ибни Му­ҳаммад Исмоили Исфаҳонӣ мутахаллис ба «Соғар» (таваллудаш номаълум — вафоташ 1884/85, Исфаҳон), ҳаттот ва шоири эронӣ. Аз хурди ба хушнависӣ шавқ дошта, баробари ин илми бадеъ, маъониву баён ва ғайраро омӯхтааст. Анвои хат, хусусан насхро бо камоли маҳорат менавишт. Ба Ҳиндустон рафта, «Ахлоқи Носирӣ»- ро соли 1850 …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ҲИНДУШОҲИ НАХҶУВОНӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ҲИНДУШОҲИ НАХҶУВОНӢ (соли таваллудаш 1288 — соли вафоташ номаълум), муншӣ, насрнавис, луғатнависи асри 14 форс-тоҷик. Муҳаммад дар дарбори писари Рашидуддини Фазлуллоҳи вазир — Ғиёсуддини Рашиди муншӣ буд. Сипас ба хидмати султан Увайс (1356 —1374) дохил шуда, дар фанни иншо китобе бо номи «Дастул-ал-котиб фӣ таъин-ил-маротиб» (1365—1366) таълиф кард. …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ҒОЗИИ МАЛТАВӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ҒОЗИИ МАЛТАВӢ  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнависи асри 11 форс-тоҷик. Муҳаммад аз фозилони дарбори  султонҳои Рум, дарбори Абулфатҳ Рукнуддини Сулаймоншоҳ ибни Қилич Арслон буд, ки то ба мартабаи вазирӣ расидааст. Ба ташвиши султони мазкур «Марабоннома»-ро аз забони табарӣ ба форсии дарӣ гардонида ба он «Р а в …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ — (соли таваллуд номаълум — вафоташ 931, Самарқанд), фақеҳи форс-тоҷик. Дар Балх таваллуд шуда, даврав тифлӣ ва кӯдакиашро он ҷо гузаронидааст. Асосан дар Самарқанд зиндагӣ, таҳсил ва эҷод кардааст. Илмҳои расмии замовашро омӯхта, яке аз машҳуртарин донишмандони аҳди худ гаштааст. Дар мадрасаҳои Самарқанд доир ба фиқҳ дарс …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ТОҲИР

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ТОҲИР (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), охирин намояндаи сулолаи Тоҳириён, ки солҳои 862—873 ҳукмронӣ кардааст. Мулкҳои Муҳаммад ибни Тоҳир, ки Хуросон ва Мовароуннаҳрро дар бар мегирифтанд, тобеи хилофати араб буданд. Дар аҳди Муҳаммад ибни Тоҳир давлати Тоҳириён рӯ ба таназзул овард. Соли 873 лашкари Яъқуби Саффорӣ лашкари Муҳаммад …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ОТСИЗИ САРАХСӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ОТСИЗИ САРАХСӢ (соли таваллуд ва Вафоташ номаълум), меъмори асри 12 форс- тоҷик. Аслан аз Сарахс. Дар солҳои 40 асри 12 яке аз барҷастатарин ёдгориҳои меъмории Марв—Мақбараи Султон Сануарро сохта, дар он номи худро сабт намудааст.

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ МУҲАЛЛАД

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ МУҲАЛЛАД  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 9 форс-тоҷик. Ҳамзамони Муҳаммад ибни Васиф, яке аз Нахустин шоиронест, ки ба забони форсияи дарӣ шеър гуфтааст. Дар «Таърихи Систон» Муҳаммад ибни Муҳаллад ҳамчун шахси донишманду фозил ва шоир ёд шудааст. Осори боқимондааш хеле кам аст. Ӯ асосан қасидаҳои мадҳӣ …

Муфассал »