Маълумоти охирин

Архивы за день : 19.01.2018

МУҲАММАД БОҚИРӢ

nophoto

МУҲАММАД БОҚИРӢ— (но­ми пуррааш Ҳаким Сайидмуҳаммад Боқир; таваллуд ва вафоташ номаълум), табиби форс-тоҷик. Ровиёни ахбор ӯро аз пайравони Абӯалӣ ибни Сино дар ил­ми дорушиносйӯӣ донистаанд. Муҳаммад Боқирӣ дар дарборе Сулаймони Сафавӣ (1667— 1695) табибӣ карда, бо амри ӯ «Адвияи калбия» («Доруҳои дил») ном асари худро ба форсӣ-тоҷикӣ навиштааст. Асари мазкур …

Муфассал »

МУҲАММАД АБУТОҲИР

nophoto

МУҲАММАД АБУТОҲИР Алӣ ибни Муҳаммад Абутоҳири Меъмор (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), меъмор ва ваққоши асри 12 форс- тоҷик. Аслан аа Сарахс буда, дар Бухоро фавтидааст. Дар овони ҷавонӣ санъати наққошӣ, хаттотӣ ва сонияи меъмориро омӯхт. Муҳаммад Абутоҳир махсусан дар санъати катибанависӣ ва ороиши биноҳо шӯҳрати зиёд дошта, хати кӯфиро …

Муфассал »

МУҲАММАД АБУНАСРИ ХУҶАНДӢ

nophoto

МУҲАММАД АБУНАСРИ ХУҶАНДӢ (соли таваллуд ва   вафоташ номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асри 15 тоҷик. Мусиқиро дар зодгоҳаш Хуҷанд ва Самарқанд омӯхтааст. Дар Самарқанд назди Султонмуҳаммади Уди Самарқандӣ аз назария ва амалияи мусиқӣ таълим гирифтааст. Бо таклифи дӯстонаш ба  Ҳирот рафта, аз устодони мусиқии он ҷо санъати сарояндагию навозавдагиро ба …

Муфассал »

МУҲАММАД АБРЕШИМӢ

nophoto

МУҲАММАД АБРЕШИМӢ (соли таваллуд 1518, Машҳад — вафот 1545, ҳамон ҷо), ҳаттот ва шоири форс-тоҷик. Муҳаммад Абрешимӣ аз шогирдони бомаҳорати Султоналии Машҳадӣ аст. Муҳаммад Абрешимӣ бештар дар навиштани хати настаълиқ шӯҳрат пайдо кардааст. Сарчашмаҳо асосан роҷеъ ба санъату маҳорати ҳаттотии Муҳаммад Абрешимӣ сухан рондаанд. Аз осори хаттотии ӯ як қитъа …

Муфассал »

МУҲАММАД

nophoto

МУҲАММАД  (тақрибан 570, Мак­ка— 8. в. 632, Мадина), воиз (ташвиқотчии дин) ва ходими сиёсӣ, муассиси ислом. Аввалин тарҷумаи ҳоли Муҳаммад нимаи дуюми асри 8 аз тарафи Ибни Исҳоқ («Ҳаёти расули худо») тартиб дода шудааст. Муҳаммад ба авлоди ашрофи бенавошудаи Банӣ Ҳошим (аз қабилаи Қурайш) мансуб буда, барвақт ятим мондааст. Муҳаммад …

Муфассал »

МУҲАЙЯР

musikishinosi

МУҲАЙЯР (ба ҳайрат- андозанда), дар м у с и қ ӣ, шакли озоди асари бо услуби муайян офаридашуда. Дар системаи «Дувоздаҳмақом» номи яке аз 24 шӯъба. Бино ба нишондоди Ҷомӣ қаторовози шӯъбаи Муҳайяр аз пардаҳои зерин иборат аст: А—Ҷ – X—X—Йа—Йҷ—Йх—Йх  Ё худ бо ифодаи cентӣ: —О—180—294—498—702—882—996— 1200 (як октаваи …

Муфассал »

МУҲАББАТ

muhabbat

МУҲАББАТ (меҳр, дӯстдорӣ), ҳисси дилбастагӣ, умумияти муносибат ва қаробати байни одамопн ки ба манфиат ва рағбати тарафайн асос ёфтааст. Ниг. низ Ишқ.

Муфассал »

МУҚТАЗАБ

musiki

МУҚТАЗАБ (ар. —буридашуда), номи яке аз баҳрҳои ф аръии арӯз. Ин баҳрро барои он Муқтабоз гӯянд, ки онро аз мунсареҳ бурида гирифтаанд. Рукнҳои ин ду баҳр ба ҳам хеле монанд буда, фақат аз ҷиҳати татиби ҷойгиршавӣ тафовут доранд. Агар дар мунсареҳ аввал рукни мустафъалун, баъд мафъӯлоту ояд, дар Муқтазаб аввал …

Муфассал »

МУҚОНОВ Собит Муқонович

sobit-muqonov-160x200

МУҚОНОВ Собит Муқонович (13. 4. 1900, волости Товзори губ. Оқмулло, ҳозира райони Ҷамбули вилояти Қазоқистони Шимолӣ — 18. 4.1973, Алмаато), нависанда ва ходими ҷамъиятии қазоқ, акад. АФ РСС Қазоқистон (1954). Аз оилав батрак. Аъзои КПСС аз соли 1920. Иштирокчии Ҷан­ги гражданӣ (1918 —1920). Дар Институти профессураи сурх таҳсил кардааст (1930—1935). …

Муфассал »

МУҚОИСА

mukoisa-math

МУҚОИСА дар математика, таносуби ададҳои бутуни а ва b-ро гӯянд, ки ба адади бутуни додашудаи т (модули М.) тақсим шудани фарқи ин ададҳо (b-а)-ро ифода мекунад; чунин навишта мешавад: а=b (mod m). Мас., 2=8 (mod 3), зеро 2—8 ба Э тақсим мешавад. Муқоиса дорои хосиятҳои зиёдест, ки ба хосиятҳои баробарӣ …

Муфассал »