Маълумоти охирин

Архивы за день : 17.01.2018

МУҒ

magos

МУҒ (лотинӣ—magus, юн.—magos, аз форсии қадима — магуш), мартабаи рӯҳонии зардуштиро гӯянд, ки поинтар аз мубадон меистад; коҳин дар давлатн Моди Қадим. Бо интишори зардуштия дар ғарби Эрон Муғҳо Зардуштро пайғамбари худ шинохтанд. Дар зардуштияи ибтидоӣ Муғҳо як қатор тағйиротҳо дароварданд; таълимоти зардуштияи замони Парфияю Сосониён дар Эрон (асри 3 …

Муфассал »

МУЪИНИ МУСАВВИР

nophoto

МУЪИНИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввир ва хаттоти асрҳои 16—17 форс-тоҷик, яке аз намояндагони Мактаби минетури Исфаҳон. Санъатҳои нафисаро а в вал аз соҳибҳунарони зодгоҳаш Исфаҳон ва баъд аз мусаввирӣ машҳури замонаш Pизо Аббосӣ омӯхтааст. Муъини Мусаввир чанд муддат дар китобхонаи салтанатии Сафавиён ҳамчун котиб бо устодаш Ризо …

Муфассал »

МУШХОР

arctium

МУШХОР (Arctium), як ҷинси растаниҳои алафии дусолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Барги калон-калони найчашакли дуҷинсаи бештар қирмизӣ дорад. 11 намудаш дар минтақаҳои мӯътадили Евросиё паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 8 намудаш бештар дар наздикиҳои манзилгоҳ, ҷойҳои хокрӯбаю харобазор, лаби роҳ, полиз ва ғайра месабзад. Дар Тоҷикистон 2 намуди …

Муфассал »

МУШФИҚӢ

nophoto

МУШФИҚӢ, Мулло Мушфиқӣ, қаҳрамони латифаҳои халқии тоҷикӣ. Прототипи Мушфиқӣ шоири машҳури асри 16 тоҷик Абдурраҳмони Муш-фиқист, ки бо хаҷвиёту мутоиботаш дар байни халқ шӯҳрати зиёде ёфтааст. Мушфиқӣ дар латифаҳои халқӣ ба сифати шахси ҳақгӯю адолатпарвар ва заковатманду ботадбир амал мекунад. Ин образ дар таърихи инкишофи ҳаҷву мутоиботи халқӣ мавқеъ дошт. …

Муфассал »

МУШФИҚӢ

nophoto

МУШФИҚӢ (тахаллус; номаш Абдурраҳмон; 1525, Бухоро — 1588, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Падари ӯ аз Марв будааст, бинобар он бо нисбаи «Марвӣ» низ ёд мешавад. Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аз падар ятим монда, дар хизмати як ҳунарманди бухороӣ давраи мактабхониашро ба охир расонд. Сипас, мадрасаро тамом кард. Мушфиқӣ дар давраи таҳсили …

Муфассал »

МУШУНГ

mushung

МУШУНГ, н а х ӯ д и даштӣ (Pisum sativum), растании яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Баландиаш то 1 метр; пояаш ғафси камшохча, баргаш мураккаб (аз 2—3 ҷуфт баргча иборат), гулаш калони одатан ҳарранга, баъзан сафедтоб, ғилофакаш 6— 8-тухма, тухмаш мудаввари зарди сабзча, сурхтоби холдор. Моҳҳои июн — июл гул ва …

Муфассал »

МУШТОҚИИ ДЕҲЛАВӢ

nophoto

МУШТОҚИИ ДЕҲЛАВӢ Шайх Ризқуллоҳ ибни Саъдуллоҳ (1492, Деҳлӣ —1581, ҳамон ҷо), шоир ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм ба тариқати тасаввуф афтода, шогирди чанд тан аз шайхони замонаш шудааст. Муштоқии Деҳлавӣ забони санскритро омӯхтааст. Ӯ ба форсию ҳиндӣ ашъор дошта, дар аксари айвои шеър қувваозмоӣ карда, хусусан дар …

Муфассал »

МУШТОҚИ ИСФАҲОНӢ Саидалӣ

nophoto

МУШТОҚИ ИСФАҲОНӢ Саидалӣ (тақрибан 1688, Исфаҳон—1758), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдтар аз но-мусоидии вазъи зиндагӣ ба бисёр шаҳру вилоятҳои Эрон сафар кардааст. Ба шеъргӯӣ аз хурдсолӣ cap карда, дар синни камол яке аз асосгузорони анчумани адабии Исфаҳон гардид. Дар ин анҷуман чанд тан аз шоирони маъруфи давр, …

Муфассал »

МУШТАРӢ

jupiter

МУШТАРӢ (ар. лотинӣ Jupiter), Бирҷис, Ҳурмуз (g), панҷумин (аз рӯи масофа то Офтоб) ва калонтарин сайёраи системаи Офтоб. Аломати астрономиаш.^ . Дар атрофи Офтоб дар масофаи андаряк 5,203 в. а. (778 миллион километр) ҳаракат мекунад. Экссентриситети мадори Муштарӣ 0,048 буда, ҳамвории мадораш ба ҳамвории эклиптика ба андозаи 1,3° моил аст. …

Муфассал »

МУШТАКНАВАРД

mushtaknavard

МУШТАКНАВАРД, наварди тақсимот, наварди муштакдори мошин, ки ин ё он механизми мошин аз муштакҳои он бо тартиби муайян ба ҳаракат меоянд. Масалан, дар муҳаррики дарунсӯз Муштакнавард сари вақт кушода ва пӯшида шудани клапанҳои газтақсимкунандаро таъмин мекунад; дар насосҳои сӯзишворӣ бо таъсири муштакҳои Муштакнавард плунжерҳо ба кор медароянд. Муштакнаврдро аз пӯлод …

Муфассал »