Маълумоти охирин

Архивы за день : 16.01.2018

МУШОВАРАИ ИСТЕҲСОЛӢ

mushovarai-istehsoli

МУШОВАРАИ ИСТЕҲСОЛӢ (аз арабӣ — машварат бо ҳамдигар ва истеҳсолот), м а ҷ л и с и машваратии доимии истеҳсолӣ (ММДИ), дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР яке аз шаклҳои демократияи сотсиалистӣ, назорати ҷамъиятӣ ва қалб намудани оммаи меҳнаткашон ба корҳои роҳбарии истеҳсолот. Аз соли 1958 вуҷуд дорад. Низомномаи Мушовараи …

Муфассал »

МУШМУЛА

mushmula

МУШМУЛА, 1) Машмулаи м у қ а р р а р ӣ ё германӣ, азғул (Mes-pilus germanica), бутта ё дарахти хазонрезест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 1,5—6 метр. Буттаи худрӯи Мушмула серхор, навъҳои мазрӯи он бехоранд; барги нештар ё байзашакл, гули калони сафед (диаметраш 3—5сантиметр),меваи гирдаи донакшакл дорад. Мушмулаи худрӯй дар …

Муфассал »

МУШКМОЛӢ

barbadpahlbod

«МУШКМОЛӢ» 1) суруди мавсимӣ-маросимии қадим, аз тасни-фоти Борбади Марвӣ. 2) Оҳанги бисту чорум аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ. 3) Шуъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом». А. Раҷабов.

Муфассал »

МУШКИЛОТ

musiki

МУШКИЛОТ (арабӣ ҷамъи— душвор, сахт), шуъбаи созии мақомҳои таркиби «Шашмақом». Одатан, дар Мушкилот ба ҷуз аз қисмҳои «Тасниф», «Тарҷеъ», «Гардун», «Мухаммас», «Сақил» ҳар мақом воситаҳои созии ба худ хос дорад. Дар таркиби «Шашмақом» 46 оҳанги созӣ ҳаст. Бисёр оҳангҳо бо номи Мушкилот машҳуранд. Оҳангҳои халқии калонҳаҷм бештар дар асоси усулҳои …

Муфассал »

МУШКИ ЗАМИН

cyperus

МУШКИ ЗАМИН (Cyperus), як ҷинси растанихои алафии бисёрсола, баъзан ду ё яксоларо гӯянд, ки ба оилаи ғешаиҳо мансуб аст. Гули дуҷинса, хӯшагули мураккаби соябоншакл, чормағзаки сеқирра дорад. Қариб 500 намудаш асосан дар минтақаҳои тропикӣ, субтропикӣ ва баъ-зан мӯътадил мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 14 ва дар Тоҷикистон 7 …

Муфассал »

МУШКЕТОВ

lednik_mushketova

МУШКЕТОВ, пирях дар Тиёншони Марказӣ (Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон). Дар нишебии шимолии қаторкӯхи Сариҷаз воқеъ гаштааст. Тӯлаш 20,5 километр, бараш аз 1 то 1,8 километр, масоҳат 49,25 километр кв. Нуқтаи баландтарини пирях 8550 метр, баландии хати барф 4200 метр, қисми поёнии пирях (5 километр) бо морена пӯшида шудааст. Аз пиряхи …

Муфассал »

МУШКЕТОВ Иван Васильевич

mushketovi

МУШКЕТОВ Иван Васильевич (21. 1. 1850, ст. Алексеевская, вилояти Волгогради ҳозира — 23.1.1902, Петербург) , геолог ва географи рус. Соли 1872 Институти кӯҳкории Петербургро хатм кардааст; аз 1877 профессори ҳамин институт. Солҳои 1882—97 геологи калони Комитети геология. Дар Урали Ҷа-нубӣ корҳои тадқиқотӣ бурда, се минерали дар Россия номаълумро кашф кард …

Муфассал »

МУШКДОНА

musiki

«МУШКДОНА» 1) номи канизи Ширин, ки дар санъати созу овоз моҳир будааст. 2) Оҳанг, суруди қадимӣ мансуб ба мусаннифи он — Мушкдона. 3) Шуъбаи овозӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар дохили шуъбаҳои «Бастанигор» ва «Чанбар» воқеъ буда, бештар дар қисматҳои созии ин шуъбаҳо амал мекунад. Низомӣ …

Муфассал »

МУШК

ohu

МУШК моддаи бӯёест, ки дар ҳайвон ва растанӣ ҳосил мешавад. Мушк хосияти баланди атрӣ, инчунин таъсири шифоӣ дорад. Мушки ҳайвон, моддаи донадор ё равғанмонандест, ки ғадудҳои мушки ҷинси наринаи баъзе ҳайвонҳои ширхор (кабарға ё ғазол, оҳу, говмеш, мушобӣ, сагобӣ ва ғайра) ҷудо мекунад. Рангаш бӯр ва бӯи хоси тез дорад. …

Муфассал »

МУШИРӢ Фаридун

nophoto

МУШИРӢ Фаридун (таваллуд 1925, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Машҳад гирифта, муддате дар Вазорати почта ва телеграф кор кард. Сипас шӯъбаи журналистии Университети Теҳронро хатм намуда, мутасаддии кисмати адабии маҷаллаи «Равшанфикр» гардид. Ашъораш дар матбуоти даврагӣ аз ибтидои солҳои 50 нашр мешавад. Маҷмӯаҳояш бо унвонҳои «Ноёфта» (1955), …

Муфассал »