Маълумоти охирин

Архивы за день : 15.01.2018

МУХТАСАРИ «ВИҚОЯ»

madrasa

МУХТАСАРИ «ВИҚОЯ» китоби дарсии мадрасаҳои асрҳои миёна. Дар асри 11 фақеҳи Осиёи Миёна Бурҳонуддин Алӣ ибни Абӯбакр ибни Абдулҷалили Фарғонӣ (вафот 1197) дар бораи муҳимтарин қонуну қоидаҳои мазҳаби ҳанафии дини ислом дар асоси асарҳои Қудурӣ (вафот 1037) «Мухтасар» ва Шайбонӣ (вафот 804) «Ал-ҷомеъ-ус-сағир» бо номи «Ҳидоят» (роҳ ба сӯи ҳақиқат) …

Муфассал »

МУХОТАБ

muhotab

МУХОТАБ (арабӣ — хитобшаванда), калима ва ибораест, ки шахс ва ё предмети муроҷиатшударо номбар мекунад. Ба вазифаи Мухотаб исмҳои хосу ҷинс, ҷондору беҷон, ҷонишинҳои шахсӣ ва дҳма калимаҳое, ки ба маънои исм истифода мешаванд, омада метавонанд. Мухотаб бо аъзоҳои ҷумла алоқа надорад ва аъзои ҷумла низ шуда наметавонад; дар аввал, …

Муфассал »

МУХЛИСӢ Мулло Муҳаммадсолеҳи Бадахшонӣ

person

МУХЛИСӢ Мулло Муҳаммадсолеҳи Бадахшонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар асри 16 ва аввали асри 17 умр ба cap бурдааст. Дар Қундузи Бадахшон таваллуд ёфта, барои таҳсили улуми расмии давр ба Бухоро меояд. Мухлисӣ марди фозилу донишманд ва аз илми шеър бохабар буд. Аз ӯ якчанд ғазалу порчаҳои …

Муфассал »

МУХЛИС Мулломӯсои Бадахшонӣ

person

МУХЛИС Мулломӯсои Бадахшонӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1891, Бухоро), шоири асри 19 тоҷик. Мухлис дар қарияи Роғи Бадахшон таваллуд ёфта, барои таҳсил ба Бухоро рафтааст. Аз ашъораш бармеояд, ки дар тангдастиву нодорӣ умр ба cap бурдааст. Мухлис аз худ девоне мерос гузоштааст, ки дар он ғазалҳо, мухаммасу мусаддас, қасидаву …

Муфассал »

МУХИНА Вера Игнатевна

muhina-vera-ignatevna

МУХИНА Вера Игнатевна (1.7. 1889, Рига — 6.10.1953, Москва), ҳай-калтароши советӣ, Рассоми Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1943), аъзои ҳақиқии Академияи Рассомии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ (1947). Дар Москва (1909-12) ва Париж (1912-14) таълим гирифтааст. Асарҳои аввалинаш таҳти таъсири кубизм офарида шудаанд. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Мухина дар кори …

Муфассал »

МУХИН Михаил Митрофанович

person

МУХИН Михаил Митрофанович (таваллуд 8. 11. 1915, стансияи Исилкӯ-ли роҳи оҳани Омск), рассоми театр. Рассоми Халқии Республикаи Советии Сотсиалисти Тоҷикистон (1974), Ҳодими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалисти  Тоҷикисон (1957), Аъзои ИР Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1975). Баъди хатми Омӯзишгоҳи рассомнии Самарқанд (1935— 41) дар он ҷо ҳамчун муаллим кор …

Муфассал »

МУХАММАС

navo

МУХАММАС, дар м у с и қ ӣ, яке аз қисмҳои асосии шӯъбаи «мушки-лот*-и «Шашмақом». Мухаммас дар «мушкилот» одатан пас аз тасниф, тарҷеъ ва гардун иҷро карда мешавад. Дар мақомҳои гуногуни силсилаи «Шашма-қом» Мухаммасҳои зерин мавҷуданд: «Мухаммаси Бузрук», «Мухаммаси Насруллоҳӣ» (дар мақоми «Бузрук»), «Мухаммаси Ушшоқ», «Мухаммаси Рост», «Мухаммаси Панҷгоҳ» (дар …

Муфассал »

МУХАММАС

sher

МУХАММАС (apабӣ — панҷгона, панҷтоӣ), як навъи мусаммат, ки дар банди он аз панҷ мисраъ иборат аст. Мухаммаси қофиябандиаш ба шакли ааааа, бббба ва ғайра дар адабиёти классикии форс-тоҷик маъмул буд. Мухаммас асосан ду навъ дорад: 1) шеъри ҳар бандаш панҷмисраӣ, ки аз тарафи як шоир гуфта шудааст; 2) шеъре, …

Муфассал »

МУХАЛЛАДИ ГУРГОНӢ

person

МУХАЛЛАДИ ГУРГОНӢ Абушариф Аҳмад ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Дар «Лубоб-ул-ал боб»-и Авфӣ, «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ, «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Чаҳор мақола»-и Низомии Арузии Самарқандӣ доир ба ин шоир маълумоти мухтасаре омада, порчаҳои шеърие аз эҷодиёташ ба таври намуна сабт гардидааст. Оид ба тарҷумаи …

Муфассал »

МУФТӢ

mufti

МУФТӢ (арабӣ — фатводиҳанда, ҳукмбарор), 1) рӯҳонии олимансаб дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ; 2) шахсест, ки пеш аз ҳукми қозӣ дар бораи раво ва ҷоиз будани ин ва ё он ҳукм аз рӯи шариат фатво медиҳад. Дар аморати Бухоро ба вазифаи Муфтӣ одамоне таъин мешуданд, ки ҳадисрро нағз донанд. Одатан Муфтиро …

Муфассал »