Маълумоти охирин

Архивы за день : 14.01.2018

МУТРОН Халил Абду

person

МУТРОН Халил Абду (1872, шаҳри Баълбек, Лубнон—1949), шоир ва гуманисти араб (Лубнон). Мутрон аз соли 1900 «Ал-Маҷаллат-ул-Мисрия» ва ғайра. «Ал-Ҷавоиб-ул-Мисрия»-ро нашр мекард. Аз соли 1935 роҳбари Театри миллии Миср буд. Мутрон бо шаклҳои анъанавии назми араб қонеъ нашуда, дар қолибҳои навии европоӣ ҳам шеър менавишт. Мутрон азбаски муқобили туркҳо буд, …

Муфассал »

МУТРИБӢ

person

МУТРИБӢ  (1558, Самарқанд — 1629, Ҳиндустон), номи аслиаш Султонмуҳаммад, шоир ва тазкиранависи тоҷик. Мутрибӣ тахаллуси ӯст. Шогирди Нисории Бухороӣ. Асосан дар Самарқанду Бухоро таҳсил карда, баъд ба Ҳиндустон рафтааст. Ҳамчун шоир ва мутриб шӯҳрати калон доштааст. Сарчашмаҳо Мутрибиро соҳибдевон мешуморанд, вале девони ӯ то ҳол пайдо нест. Ашъори парокандаи ӯ …

Муфассал »

МУТОРИКА

mutorika

МУТОРИКА, муторака (арабӣ — сулҳи муваққатӣ), мувофиқи созишномаи тарафҳои ҷангкунанда муваққатан қатъ намудани амалиёти ҳарбӣ. Муторика умумӣ ва маҳаллӣ мешавад. Дар ҳолати аввал амалиёти ҳарбӣ дар тамоми майдони ҷанг қатъ мегардад. Шартномаи Муторикаро сарфармондеҳон бо ваколати давлатҳояшон имзо мекунанд. Одатан Муторикаи умумӣ оғози бастани шартномаи сулҳ мебо-шад. Муторикаи маҳаллӣ дар …

Муфассал »

МУТОИБА

shuhi

МУТОИБА, м у т о я б a (арабӣ — шӯхӣ, хушгӯӣ), тасвири ҳодисаҳои хандаовари ҳаёт, амалиёт ва фаъолиягти ҳазломези шахсони алоҳида дар адабиёти бадеӣ. Мутоиба бо ҳаҷв хеле қаробат дорад, вале дар миёни ҳаҷву Мутоиба тафовут зиёд аст. Дар Мутоиба тамасхури тунду тез ва истеҳзо дида намешавад. Ҳодиса ва …

Муфассал »

МУТЛАҚИЯТ

monarhiya

МУТЛАҚИЯТ (аз арабӣ— комил; озод), як шакли идоракунии монархи дар Россия, ки ҳуқуқҳои олии қонунгузорӣ (тасдиқи лоиҳаи қонунҳо), идоракунӣ (таъин ва аз кор хориҷ кардани шахсони олирутба, роҳбарони муассисаю органҳои идоракунии марказии маҳаллӣ, фармондеҳони олии армия ва флот, мудирони идораҳои молия ва ғайра) ва суди олӣ (тасдиқи ҳукмнома, афв) ба …

Муфассал »

МУТАҲҲАРИ КУРА Саид

person

МУТАҲҲАРИ КУРА Саид (1317—1392), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз мардуми шаҳри Кураи шимолии Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм ба шаҳри Гуҷарот ва баъд-тар ба Деҳлӣ рафта, чанде дар он ҷойҳо зиндагӣ кардааст. Ӯ аз муридони Авҳадии маъруф ба Чароғи Деҳлӣ (вафот 1358, орифи машҳури замонааш) буд. Аз Мутаҳҳари Кура дар ҳаҷми …

Муфассал »

МУТАҲҲАР ибни Абдуллоҳ ибни Ҳусайни Сайидизуддин

person

МУТАҲҲАР ибни Абдуллоҳ ибни Ҳусайни Сайидизуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1423), шоири форс-тоҷик. Ҷавониашро дар Озарбойҷон гузаронда, пас аз чанде ба Форс рафта, шӯҳрати зиёде пайдо кардааст. Мутаҳҳар то соли 1380 дар он ҷо зиндагӣ карда, баъд ба Ҳиндустон рафтааст ва то охири умр он ҷо мондааст. Аз Мутаҳҳар …

Муфассал »

МУТАҚОРИБ

sher

МУТАҚОРИБ (арабӣ— наздикшаванда, ба ҳам наздик), номи яке аз баҳрҳои аслии (солими) арӯз. Азбаски рукнҳои ватад ва сабаби он ба ҳам наздиканд, арӯзиён онро Мутақориб номидаанд. Рукни асосии (аслии) Мутақориб фаӯлун (V) буда, дар натиҷаи каму зиёд кардани миқдори ҳиҷову ҳарфҳо ё дигар шудани мавқеи ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ таркиби он …

Муфассал »

МУТАСИЯ

mutasiya

МУТАСИЯ (аз лотинӣ mutatio — тағйирёбӣ, ивазшавӣ), тағйирёбии структураи ирсии материяи зинда, ки шомил ва ноқили ахбори генетикӣ аст. Тамоми шаклҳои ҳаёт — аз вирусу микроорганизмҳо cap карда, то набототу ҳайвонот ва одам қобили Мутасия мебошанд. Организмҳои дар натиҷаи Мутасия тағйирёфта мутант ном доранд. Воҳиди Мутасия мутов (элементи майдатарини ген) …

Муфассал »

МУТАФОЗИЛ

mutafozil

МУТАФОЗИЛ (арабӣ— афазалиятдошта, бартаридошта), дар илми мусиқишиносии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна фосилаҳоеро, ки аз ҷиҳати баландии садодиҳии худ аз ин ё он овоз бартарӣ доранд, Мутафозил меноми-данд. А. Низомов.

Муфассал »