Маълумоти охирин

Архивы за день : 12.01.2018

МУСОВОТ

musavat

«МУСОВОТ» (арабӣ— баробарӣ), партияи буржуазию миллатчигии аксулинқилобии Озарбойҷон. Соли 1911 дар Боку таҳти унвони «Партияи демократии мусулмонии «Мусовот* бо роҳбарии М. Расулзода, Г. Шарифзода, А. Козимзода ба вуҷуд омад. Программам «Мусовот» дар паноҳи Туркия ташкил кардани давлати ягонаи мусулмон буд. Аммо дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) роҳбарони «Мусовот» мусулмононро …

Муфассал »

МУСОБИҚАИ СОЦИАЛИСТӢ

musobikai-sotsialisti

МУСОБИҚАИ СОЦИАЛИСТӢ, ташаббуси эҷодии меҳнаткашони дав-латҳои сотсиалистӣ, ки дар муборизаи бошуурона ва фаъоли коргарону коллективҳо барои дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шудан зоҳир мегардад; яке аз усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, иштироки меҳнаткашон дар идораи истеҳсолот, тарбияи муносибати коммунистӣ ба меҳнат, қонуни объективии тарзи истеҳсолоти сотсиалистӣ. …

Муфассал »

МУСОБИҚА

musobika

МУСОБИҚА, мусобақа (арабӣ— пешӣ гирифтан, бартарӣ ҷустан бар якдигар) дар спорт, тадбироте, ки бо мақсади муайян кардани спортсменҳо ва командаҳои пурқувваттарин, комёбиҳои олии спорт, такмили маҳорати спортӣ ва пропагандаи физкултура ва спорт ба амал бароварда мешаванд. Имконият фароҳам меоваранд, ки ба фаъолияти ташкилотҳои спортӣ, тренерон, спортсменҳо, довардҳо объективона баҳо дода …

Муфассал »

МУСО ҶАЛИЛ

person

МУСО ҶАЛИЛ (Ҷ а л и л о в) Мусо Мустафович (15. 2. 1906, деҳаи Мустафино, ҳозира вилояти Оренбург — 25. 8. 1944, Берлин), шоири советии тотор, Қаҳрамони          Иттифоқи Советӣ (1956, пас аз марг). Аз оилаи деҳқони кам-бағал.     Аъзои Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1929. Университети давлатии Москваро …

Муфассал »

МУСО

moisei

МУСО (ба яҳудии қадим Моше), мувофиқи ривояти динӣ, сарвари қабилаҳои яҳудӣ, пайғамбар ва асосгузори дини яҳудӣ (асри 13 то милод). Аз рӯи афсонаи динӣ Мусо дар кудакӣ тасодуфан аз хатари марг наҷот ёфта, дар тарбияи духтари фиръавни Миср ба воя расида, баъд маҷбур шудааст аз Миср гурезад ва дертар ба …

Муфассал »

МУСЛА

chazo

МУСЛА (арабӣ — ноқисулаъзо кардан), ҷазоест дар мамлакатҳои Шарқи исломӣ иборат аз ноқисулаъзо кардани гунаҳкорон, хусусан дуздон ва ҷинояткорон. Macалан, буридани гӯшу бинӣ, ангӯшт, даст ё дигар уэви бадан. Дар баъзе мамлакатҳои араб ҳозир ҳам ҷорист. Ин гува ҷазо дар аморати Бухоро ҳам буд.      X. Пирумшоев.

Муфассал »

МУСКОВИТ

muscovite

МУСКОВИТ, минерал аз гурӯҳи абрақ, таркиби химиявиаш КА1а [AlSijOio] * (ОН)2. Системаи кристаллбандии он моноклинӣ; кристаллҳояш тахта-тахта. Сахтиаш 2,5—3; зичиаш 2760—3100 килограмм/метр3. Одатан бе-ранг, баъзан бӯртоб ё сабзтоб мешавад. Ҷилояш шишагун. Мусковит қисми таркибии ҷинсҳои магмавию метаморфӣ (гранитҳо, пегматитҳои гранитӣ, сиенитҳо, грейзенҳо, варақсангҳои кристаллӣ, гнейсҳо) мебошад. Кристаллҳои калон (бараш то …

Муфассал »

МУСКАТ

muskat-uzbekistanskij

МУСКАТ (Франсавӣ, muscat, лотинӣ muScus — мушк), 1) навъҳои ангури мушкбӯй. Асосан дар Италия, Франсия, Испания, Португалия, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Федеративии Германия, Белгия, Англия мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР асосан дар нодиядои токдории Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (Ставропол, Краснодар), Украина, Гурҷистон, Озар-бойҷон, Молдавия, Арманистон, Қазоқистон ва …

Муфассал »

МУСИҚӢ

musiki

МУСИҚӢ (аз юнони musike — санъати музаҳо), як навъи санъат, ки об-разҳои он тавассути овозҳои бадеӣ (ладя) ифода ёфта, воқеиятро ба таври хос инъикос мекунад. Мусиқӣ бо интонасияи нутқ алоқаи узвӣ дошта, ба овозҳои дорои ритм ва метрикаи муайян асос меёбад. Дар санъати Мусиқӣ овозҳо бо умумиятҳои хосашон аз овози …

Муфассал »

МУСИҚОР

nay

МУСИҚОР номи яке аз асбобҳои қадими мусиқии классикӣ. Аз ду найи дарозу кӯтоҳи бо ҳам васлшуда, яъне найи бузург (дорои 6 сӯрох) ва найи хурд (дорои 4 ё 3 сӯрох) иборат буда, овози хеле форам доштааст. Мувофиқи маълу-моти баъзе сарчашмаҳо Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ (асрҳои 9—10) ихтироъкори Мусиқор будааст. Аз рӯи …

Муфассал »