Маълумоти охирин

Архивы за день : 11.01.2018

МУСИҚИИ КАМЕРАВӢ

musikai-kameravi

МУСИҚИИ КАМЕРАВӢ (аз лотинӣ camera — хона), асари мусиқист, ки барои дастаи хурди навозандагон ва сарояндагон эҷод шудааст (дуэт (дугона), трио (сегона), квартет (чоргона), соната, романс ва ғайра. Асарҳои мусиқии якканавозӣ, ки хоси асарҳои эстрада ва консерт нестанд (фуга, ноктюрн ва ғайра), низ ба Мусиқии камеравӣ тааллуқ доранд. Оромию пурнафосатӣ …

Муфассал »

МУСИҚИИ ВОКАЛӢ

vokal

МУСИҚИИ ВОКАЛӢ, мусиқиест, ки барои суруд эҷод мешавад. Ба Мусиқии вокалӣ асарҳое дохил мешаванд, ки барои яккахонӣ ё хониши бисёровоза, ансамбл, хор, капелла эҷод шуда, бо ҳамовозии созҳои мусиқӣ ва бе иштироки он иҷро мегардад. Дар ҳамаи асарҳои Мусиқии вокалӣ овози инсон мавқеи калон дорад. Мусиқии вокалиро ба жанрҳои зерин …

Муфассал »

МУСИЧА

streptopelia

МУСИЧА (Streptopelia), як ҷинси паррандаҳост аз оилаи кафтарҳо. Дарозии танаш 14—30 сантиметр, думаш дароз, пойҳояш кӯтоҳ, дар гарданаш доғи сиёҳ дорад. Параш бӯр ё хокистарранги сурхтоб аст. Дар Европа, Осёб ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 5, аз ҷумла дар Тоҷикистон 3 намудаш (шоҳмусича, Мусичаи …

Муфассал »

МУСАЭЛЯН Александр Аркадевич

person

МУСАЭЛЯН Александр Аркадевич (таваллуд 26. 6. 1926, Грозний), оли-ми советӣ дар соҳаи геологияи инженерӣ. Доктори илмҳои геологияю минералогия (1969), директори Филиали осиёи-миёнагии Институти тадқиқоти илмии асос ва иншооти зеризаминии ба номи Н. М. Герсеванов (аз 1974). Баъди хатми Университети Давлатии Тоҷикистон (1953) дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикпроект» (1953— 61) дар вазифаҳои …

Муфассал »

МУСАРРАЪ

musarrah

МУСАРРАЪ (арабӣ—Дари дутабақа сохтан), байтест, ки ҳар ду мисраи он қофия дошта бошад. Баъзе шоирони қасидасаро дар дохили як қасида ду ва ё зиёда аз он байти Мусарраъ овардаанд ё ин ки таҷдиди матлаъ кардаанд. Дар қасидае, ки ду байти Мусарраъ дорад, матлаи дуюм баъд аз итмоми тағаззул оварда мешуд …

Муфассал »

МУСАММАТ

musammat

МУСАММАТ (арабӣ — дар ришта марворид кашидан), як навъи шеърист, ки аз бандҳои чудогона таркиб ёфта, мисраи охири ҳар банд бо мисраи охири банди якум ҳамқофия меояд (ааааас, бббббс…): Хезеду хаз оред, ки ҳангоми хазон аст.  Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.  Он барги хазон аст, ки бар шохи …

Муфассал »

МУСАММАН

sher

МУСАММАН (арабӣ —ҳаштгона, хаштоӣ), навъе аз санъатҳои лафзии шеъри форс-тоҷик, ки ҳаштхона ё ҳашти дар ҳашт низ меноманд. Мувофиқи ин санъат шеъри ҳаштмисраиро ба ҳашт порчаи тараннумӣ чунон тақсим мекунанд, ки ҳар мисраъ дар арзу тӯл як хел хонда мешавад: Ин гуна шеър агар аз шаш мисраю (ё байту) шаш …

Муфассал »

МУСАЛСАЛА

andromeda

МУСАЛСАЛА (арабӣ—оинаи занҷирбанд), бурҷест дар Нимкураи шимолии ос­мон. Дар астрономияи классикии Шарқ бо номи Миротулмусалсала, Амротулмусалсала низ дучор меояд, ки муродифи лотиниаш Андромеда мебошад. Нигаред низ Андромеда.

Муфассал »

МУСАЛЛАС

triangulum

МУСАЛЛАС (арабӣ русиаш Треугольник, лотинӣ Triangulum), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон, тобиши муниртарин ситораҳояш ба 3,0 ва 3,4 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Шароити мусоиди мушоҳида моҳи октябр Аз ҳамаи мавзеъҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР намоён аст. Нигаред Осмон.

Муфассал »

МУСАЛЛАС

musallas

МУСАЛЛАС, май, навъи май, ки аз шарбати ангур, инчунин аз мавиз тайёр мекарданд. ҷозир технологияи Мусаллас такмил ёфтааст. Онро дар заводҳои майкашӣ тайёр мекунанд. Нигаред низ Май, Майкашӣ.

Муфассал »