МУРЧ, мурчи с и ё ҳ, фулфул, ф и л ф и л, (Piper nigrum), буттаи лианмонандест аз оилаи мурчиҳо. дарозиаш то 12 метр; пояи борик, барги байзашакли думчадори пайдарҳам ҷойгиранда, хӯшагули саракмонанд (дарозиаш 5—10 сантиметр), гули майдаи сафед ё зардтоб ва ғӯраки якпалла дорад. Аз вазиши бод гардолуд мешавад. …
Муфассал »Архивы за день : 09.01.2018
МУРУРИ ЗАМОН
МУРУРИ ЗАМОН, мафҳумест, ки тафовути воқеии гузаштаю ояндаи ашёву ҳодисотро инъикос намуда, барои мантиқан тасвир кардани просессҳои барнагарданда ёрӣ мерасонад. Қариб ҳамаи қонунҳои физикаи муосир вақти пешраванд а (бо истилоҳи математикӣ — аломати самташ мусбат) ва вақти ақибраванда (аломати самташ манфӣ) -ро аз ҳам фарқ намекунад. Ин чунин маънӣ дорад: …
Муфассал »МУРУДИ ХИРСАК
МУРУДИ ХИРСАК, хирсакмуруд (Pyrus regelii), дарахтест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 1,5— 6 метр (диаметри танааш то 60 сантиметр), Муруди хирсак: 1 — шохчаи гул; 2 — мева. пӯстлохаш ашҳабӣ, сиёҳтоб, баргаш 3—9-ҳиссагӣ (дарозиву бараш 7—8 сантиметр), хӯшагулаш в—19-гула, гулаш сафеди 3— 10-гулбарга, мевааш (6 гула) мудаввар, хеле сахт, талху турш. …
Муфассал »МУРУДАК
МУРУДАК, М у р ӯ д а к, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҳисори pайони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 18 километр. Аҳолиаш 375 нафар. (1981), тоҷикон.
Муфассал »МУРУД
МУРУД, мурӯд, нок, анҷирак (Pyrus tadshikistanica), дарахтест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 15—20 метр, диаметри танааш 35 —40 сантиметр; дар маҳалдои гармсер одатан дарахти пастқади паттамонанд, баландиаш 2—4 метр, диаметри танааш 10—15 сантиметр. Пӯстлохи танаи кӯҳнааш хокистарранг, шохчаҳои яксолааш қаҳваранги сурхтоб, баргаш мудаввар ё тухмшакли одатан дурушту чармгун (дарозиаш 6—7 сантиметр); …
Муфассал »МУРРЕЙ
МУРРЕЙ, Марри (Murray), дарёи калонтарини Австралия. Тӯлаш 2570 километр (аз сарҳади дарёи Дарлинг—3750 километр). Масоҳати ҳавзааш 1160 ҳазор километр1. Аз кӯҳҳои Алпи Австралия оғоз ёфта, ба уқёнуси Ҳинд мерезад. Қисми зиёдаш аз ҳамвориҳои хушки камбориш, ки ноҳияи муҳимтарини хоҷагии қишлоқи Австралия мебошад, мегузарад, Шохобҳои асосиаш: Маррамбиҷи ва Дарлинг (аз рост}. …
Муфассал »МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ
«МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ», ки 20 ноябри 1917 Совети Комиссарони Халқ Республикаи Советии Россия зълон кардааст. Совети Комиссарони Халқ дар ин «Муроҷиатнома» сиёсати озодихоҳона ва сулҳҷӯёнаи худро баён намуда, халқҳои мазлумро даъват кард, ки Револютсияи сотсиалистии Россияро дастгирӣ кунанд. Дар «Муроҷиатнома» аз зулму ситами Россияи подшоҳӣ …
Муфассал »МУРОҶИАТИ ДЕПУТАТ
МУРОҶИАТИ ДЕПУТАТ (арабӣ— бозгашт, баргашта омадан), муроҷиати депутат ба органҳои идоракунии давлат ё шахси мансабдор оид ба масъалаҳои фаъолияти онҳо. Ҷавоб ба муроҷиати депутати халқӣ мумкин аст мавриди муҳокима ва дар ҳолатҳои зарурӣ боиси қабули қарорҳои органи дахлдор гардад. Депутати Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ҳуқуқ дорад ба …
Муфассал »МУРОҚИБА
МУРОҚИБА, муроқаба (арабӣ мушоҳида, назорат), зинаи ҳиссии маърифат (нигаред Инъикос, Назарияи маърифат). Дар фалсафаи идеалистӣ ду тарзи фаҳмиши Муроқибаро ҷудо кардан мумкин аст, ки ҳар ду бевосита бо мафҳуми интуисия алоқаманданд. Фаҳмиши якум аз Афлотун cap мезанад. Афлотун Муроқибаро ҳамчун маърифати ғайри идеяҳо таъбир менамуд. Фаҳмиши дуюмро И. Кант инкишоф …
Муфассал »МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ
МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ, 1) фаъолияти органҳои тадқиқот, тафтишот, прокуратура ва суд доир ба cap кардан ва ҳал намудани корҳои чиноятӣ. Мурофиаи ҷиноятӣ мувофиқи тартибе, ки ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ муқаррар кардааст ва бо воситаю усулҳои пешбинкардаи он гузаронида мешавад. Вазифаи Мурофиаи ҷиноятии советӣ зуд ва пурра ошкор кардани ҷиноят, одилона ҷазо додани …
Муфассал »