Маълумоти охирин

Архивы за день : 08.01.2018

МУРОМ

murom

МУРОМ, шаҳрест дар вилояти Владимири Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, маркази pайони Муром. Лангаргоҳи соҳилд чапи дарёи Ока. Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 114 ҳазор нафар (1979). Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (тепловозу электровозҳо, яхдони «Ока»), радиотехника (радиола, радиоприёмникҳои автомобил, асбобҳои мусиқии электрӣ), чубгарӣ (комбинати фанер) ва ғайра. Дар Муром филиали Институти умумииттифоқии …

Муфассал »

МУРОДОВ Ҷӯрабек

churabek-murodov

МУРОДОВ Ҷӯрабек (таваллуд 24. 12. 1942, деҳаи Куруди райони Аинӣ, вилояти Ленинобод), ҳофиз ва оҳангсози со­ветии тоҷик (сопранои лирикӣ). Яке аз сарояндагони намоёни сурудҳои классикӣ ва халқии тоҷикӣ. Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1979). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ аз соли 1967. Тобишҳои оҳанг, ҷиҳатҳои хоси овоз ва …

Муфассал »

МУРОДОВ Мухтор Қодирович

person

МУРОДОВ Мухтор Қодирович (таваллуд 20. 2. 1936, деҳаи Хамирҷӯи pайони Конибодом), анестезиолог ва реани­матологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1970), профессор (1974). Саранестезиолог ва реани­матологи Вазорати нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистт Тоҷикистон. Баъди хатми  факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷи- ‘ кистон (1959) то соли 1964 духтур-анестезиолог ва реа­ниматологи клиникаи республикавии …

Муфассал »

МУРОДОВ Латиф

person

МУРОДОВ Латиф (1913, деҳаи Маҳрами райони Конибодом — 1973, Ҳисор), ташкилотчии сохти колхозӣ дар Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1957), Аълочии маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1945).        Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Слветӣ КПСС аз соли 1941. Солҳои 1929—30 таълимгирандаи кур­си таълимии Хуҷанд, 1931—35 …

Муфассал »

МУРОДИИ БУХОРОӢ

person

МУРОДИИ БУХОРОӢ  Абулҳусайн Муҳаммад ибнии Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Бино ба гуфтаи Саолибӣ («Ятимат-уд-даҳр») Муродии Бухорои дар замо­ни салтанати Сомониён зиставу эҷод карда, шӯҳрати зиёде ёфтааст. Муродии Бухорои яке аз ҳамсӯҳбатони устод Рӯдакӣ буда, пеш аз ӯ вафот карда­аст. Рудакӣ дар ин …

Муфассал »

МУРОДБЕКОВ Бахтдавлат

person

МУРОДБЕКОВ Бахтдавлат (таваллуд 1919, деҳаи Баччори pайони Шуғнон), чорводор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963). Аъзои  Партия Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1957. Солҳои 1939—45 дар колхози «За­ря» ва аз соли 1946 дар совхози «Булункӯл»-и pайони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ сардори бригадаи чӯпонон мебошад. Муродбеков дар инкишофи соҳаи чорводории район …

Муфассал »

МУРОДАЛИЕВ Сафар

person

МУРОДАЛИЕВ Сафар (таваллуд 1904, деҳаи Менглии pайони Ҷарқӯрғони Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1957). Солҳои 1920—30 шутуркаш, 1931—42 колхозчй,            1943—.45 иштирокчии Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ, 1946—68 сардори звено, сардори бригадаи пахтакории колхози «Оқолтян»-и райони Шаҳртуз буд. Аз соли 1968 нафақахӯри шахсӣ. …

Муфассал »

МУРМАНСК

murmansk2

МУРМАНСК, вилоятест дар ҳайатити Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. 28 май 1938 ташкил шу­дааст. Дар Ғарб бо Норвегияю Фин­ляндия ҳамсарҳад аст. Масоҳати 144,9 ҳазор километр2. Аҳолиаш 987 ҳазор нафар. (1979), асосан русҳо (85%), аҳолии асли саамҳо, комиҳо, карелҳо. За­чии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 —6,8 нафар. 89% аҳолӣ дар шаҳрҳо …

Муфассал »

МУРМАНСК

murmansk

МУРМАНСК, шаҳр, маркази вилояти Мурмански Республикаи Советии Федеоативии Сотсиалистии Россия. Дар соҳили халиҷи Колаи баҳри Баренс воқеъ гаштааст, Бандари Мурманск ях намебандад. Стансияи роҳи оҳан. Адолиаш 381 ҳазор нафар. (1979). Мурманск маркази калони моҳигирӣ ва кор- карди моҳӣ. Корхонаҳои муҳими саноатиаш: иттиҳодияи «Судоверфь!, устохонаҳои таъмири киштӣ, комбинати хонасозӣ, фабрикаҳои мебел …

Муфассал »

МУРИЛО Бартоломе Эстебан

murillo-esteban

МУРИЛО (Murillo) Бартоломе Эстебан (ғусли таъмидаш 1. 1. 1618, Севиля — 3. 4. 1682, ҳамон ҷо), рассоми испанй. Дар Севиля таҳсил ва кор кардааст. Яке аз асосгузорон (1660) ва аввалин президенти АР-и маҳаллӣ. Дар нахустин асарҳои ӯ таъсири караваҷизм (равияи Караваҷо) мушоҳида мешавад. Саҳнаҳои динӣ ҳамчун воқеҳдои ҳаёти халқ тасвир …

Муфассал »