Маълумоти охирин

Архивы за день : 04.01.2018

МУНТАХАБОТ

muntahabot

МУНТАХАБОТ (арабӣ ҷамъи интихобшуда, баргузида), маҷмӯааст, ки як қисми муҳими осори манзум ё мансури адиберо дар бар мегирад. Калимаҳои баргузида, гулчин, осор ё ашъори мунтахаб бо Мунтахоб муродиф ва ҳаммаъноянд. Зери ин унвонҳо якчанд маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик ба табъ расидаанд: «Гулчине аз девони ашьор»-и Носири Хисрав (1957), «Осори мунтахаб»-и …

Муфассал »

МУНТАСИР Абӯиброҳим Исмоил Ибни Нӯҳ

person

МУНТАСИР Абӯиброҳим Ис­моил Ибни Нӯҳ (соли таваллуд номаълум — вафот 1005), бародари ду амири охирини сулолаи Сомониён — Мансури П ибни Нӯҳ (997—999) ва Абдулмалик ибни Нӯҳ. Ӯ ба воридшавии туркҳои қарохонӣ ба Мовароуннаҳр ва тақсими мулкҳои Сомониён байни давлатҳои Қарохониён ва Ғазнавиён зид буд. Баъди забти Бухоро (999) қарахониён …

Муфассал »

МУНСИФ Миршариф

person

МУНСИФ Миршариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 17 то­ҷик. Дар байни мардум бо номи Бобохоҷа низ шуҳрат доштааст. Мунсиф дар эҷоди ашъор ва ифодаи мазмунҳои тоза соҳиби маҳорати комил будааст. Соли 1678 барои такмили илм ба Бухоро меравад ва дар мадрасаи Ғарбия ба омӯзиши ҳандаса, нуҷум, аркони зич …

Муфассал »

МУНСАРЕҲ

more

МУНСАРЕҲ (арабӣ- осон, равон), номи яке аз баҳрҳои ф а р ъ и и арӯз. Ин баҳрро барон он Мунсареҳ меноманд, ки вазнҳои он шӯху сабук буда, рукнҳои ватабаш нисбат ва ватадаш муқаддамтаранд. Мунсареҳ рукни махсус надошта, дар асоси омезиши рукни аслии баҳри раҷаз (мустафъилун) ва рук­ни ч о р …

Муфассал »

МУНОҶОТ

munojot

«МУНОҶОТ», номи як силсилаи машҳури оҳангу сурудҳои классикии тоҷикӣ: «Муноҷот, «Савти Муноҷот», «Оромиҷон», «Уфари Муноҷот*. Фарқи ин оҳангҳо дар рангинии зарбу усул аст: «Уфари Мунодот»: Дар гузашта оҳангҳои «Муноҷот»-ро ҳам­чун ифодаи баъзе афкору ақидаҳои динӣ ҳисоб мекарданд. Аслан Муноҷот силсилаи оҳангу таронаҳои лирикии пурҷозиба, мафтункунанда ва таъсирбахшро дар бар мегирад. …

Муфассал »

МУНОҶОТ

molitva

МУНОҶОТ (арабӣ—розу ниёз кардан, зорию тавалло кардан ба худо), яке аз шаклҳои жанрӣ, як унсури асари бадеӣ дар адабиёти клас­сикӣ ва пешазинқилобии тоҷик. Дар адабиёти баъзе халқҳои дигари Шарқ низ дида мешавад. Аввалин касе, ки дар адабиёти форс-тоҷик Муноҷотро ҷорӣ намуд, шоири асри 11 Абдуллоҳи Ансорӣ буд. Муноҷотҳои ӯ бо …

Муфассал »

МУНОФИҚӢ

munofiki

МУНОФИҚӢ (аз арабӣ — дурӯя), аз сифатҳои манфии ахлоқ, ки ба ростӣ, покӣ ва самимият зид аст. Мунофиқӣ дар ҷамъияте, ки беадолатии иҷтимоӣ ва антагонизми синфӣ ҳукмрон аст, ҳодисаи муқаррарӣ ба шумор меравад. Мунофиқӣ дар натиҷаи номувофиқии муносибатҳои иҷтимоӣ ва ифодаи идеологии онҳо ба амал меояд. Барои ҷамъияти капиталис­тии ҳозира …

Муфассал »

МУНОФИРАТ

nafrat

МУНОФИРАТ, мунофарат (арабӣ аз ҳамдигар нафрат кардан), дар истилоҳоти мусиқии Шарқ номи овоз ва бӯъдҳои нофораму ноҷӯр. Дар мусиқишиносии имрӯза ба ҷои Мунофират истилоҳи «диссонанс»-ро ба кор мебаранд. Мунофират фосилаҳои нофорами бӯъди муҷаннаб (секундаи хурд, нисбатҳояш 10 : 9, 16 : 15, сентҳояш 180 ва 144) ва танинӣ (секунҷаи калон, …

Муфассал »

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

munosibathoi-chamiyati

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ, робитаҳои мухталифи байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, миллатҳо, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии онҳо ба миён меоянд. Муносибатҳои ҷамъиятӣ дар робитаи мутақобили диалектикӣ бо муносибатҳои шахсии одамон ву­ҷуд доранд. Таъсири мутақобили. Муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷиҳатҳои муҳими муносибатҳои шахсиро муайян менамояд. Ин ду шакли муносибатро …

Муфассал »

МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ

munosibathoi-hukuki

МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ, муносибатҳои ҷамъиятии танзимшуда тавассути нормаҳои ҳуқуқӣ, ки иштирокчиёни он (шахсҳо ё ташкилотҳо) ҳомили ҳуқуқу ӯҳдадориҳои юридикӣ мебошанд. Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар шароите, ки нормаҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ кардаанд, ба вудуд меоянд, тағйир меёбанд ё барҳам мехӯранд. Гражданҳои алоҳида, муассиса, ташкилот, органҳои давлатӣ ва худи давлат иштирокчиёни Муносибатҳои ҳуқуқӣ шуда метавонанд. …

Муфассал »