Маълумоти охирин

Архивы за день : 03.01.2018

МУНАББАТ

nakshi-rastani

МУНАББАТ (арабӣ — нақши растанӣ), навъи нақшест, ки ба тасвири гиёҳу растанӣ ва гулу гулдон асос ёфтааст. Дар баъзе маҳалҳо он­ро «кӯзачаислимӣ» мегӯянд. Нигаред низ Дарахтсозӣ.

Муфассал »

МУН

deha

МУН, деҳа, маркази Совети қишлоқи Навободи pайони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Ватан». Аз Марказ то маркази район 35 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1080 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, ошхона ва устохонаи либосдӯзӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — чорводорӣ. Аҳолӣ аз оби дарёҳои Ғунд ва Мундара истифода …

Муфассал »

МУМТОЗ Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид

person

МУМТОЗ  Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва хаттоти асри 17 тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Дар Самарқанд касби камол карда, дар шеъру шоирӣ шогирди Бадеи Ҷа- молистонӣ (Самарқандӣ) будааст. Ба таъкиди Тоҳири Насрободӣ дар фанни шеър аз устодаш бештар шӯҳрат доштааст. Мумтоз мувофиқи маълумоти Малеҳо шоири соҳибдевон …

Муфассал »

МУМТАНЕЪУЛВУҶУД

muhol

МУМТАНЕЪУЛВУҶУД (арабӣ— вуҷудаш номумкин, буданаш муҳол), истилоди фалсафаи асримиёнагии Шарқи Наздику Миёна барои ифодаи чизе, ки ҳастии он муҳол аст. Ба ақидаи файласуфони машшоъ Мумтанеъулвуҷуд чизест, ки адам, яъне нестӣ барои он зарур аст. Агар ба­рои воҷибулвуҷуд будан ва барои имконулвуҷуд ба вуқӯъ пайвастан зарур бошад, барои Мумтанеъулвуҷуд  ин амр …

Муфассал »

МУМСИКУЛИНОН

voznichey

МУМСИКУЛИНОН (арабӣ лаҷомбадаст, русияш Возничий, лотинӣ Auriga), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон. Муниртарин ситорааш Айюқ ба қадри зоҳирии — 0,1 равшанӣ медиҳад. Шароити мусоиди мушоҳида декабр-январ. Дар ҳамаи мавзеъҳои  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР намудор мешавад. Нигаред низ Осмон.

Муфассал »

МУМИЁКУНӢ

balzamirovanie

МУМИЁКУНӢ, маҷмӯи чорабиниҳост барои муддати дароз аз нобудшавӣ эмин доштани мурда (майит). Барои аз пӯсиш ва вайроншавӣ ни- гоҳ доштан тамоми бофтаҳои ҷасадро бо маҳлулҳои антисептикӣ ва консервасиякунанда тар мекунанд. Мумиёкуниро ба мақсади таълимӣ, илмӣ, инчунин барои нигоҳ доштани ҷасади ашхоси барҷаста истифо­да мебаранд. Ин кор бо ду усул ба …

Муфассал »

МУМИЁ

mumiyo

МУМИЁ, маҳсулоти муммонанди табииро гӯянд, ки дар баъзе ғорҳо аз дарзҳои санг таровида мебарояд. Зиёда аз 4000 сол ин ҷониб дар тибби халқӣ чун даво маъмул аст. Олимон ва табибони машҳури форсу тоҷик Абӯали ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯбакр Рабеи Бухороӣ, Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ ва дигар Мумиеро барои табобати …

Муфассал »

МУМИ ЗАНБӮРИ АСАЛ

mumi-zanburi-asal

МУМИ ЗАНБӮРИ АСАЛ, моддаи равғавмонандест, ки дар ғадуди махсуси занбӯри асал ва баъзе ҳашароти дигар ҳосил мешавад. Аз омехтаи эфирҳои мураккаб (то 75%), кислотаҳои холиси карбон, карбогидридҳои ҳаднок иборат бу­да, ба миқдори зиёд витамини А до­рад. Массаи хосаш 0,956—0,969, дар 62—72° Селсия об мешавад. Дар эфир, хлороформ, бензол, бензин, равғани …

Муфассал »

МУМАИ ДУТОРӢ

person

МУМАИ ДУТОРӢ, (соли таваллуд ва вафот номаълум), бастакор, машшоқ, мусиқидони асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро буда, дар Ҳирот фавтидааст. Аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ шавқу ҳавас пайдо карда, навохтани танбур, дутор, рубоб, қонунро ба хубӣ омӯхтааст. Дар дуторнавозӣ басо ҳунарманд будааст. Мумаи Дуторӣ чун бастакор низ шӯҳрати калон дошта, …

Муфассал »