Маълумоти охирин

Архивы за день : 02.01.2018

МУЛОИМАТ

navo

МУЛОИМАТ (арабӣ        — нармӣ, ҳалимӣ, мувофиқат), дар истилоҳи мусиқии Шарқ номи овоз ва бӯъдҳои (интервалҳои) форам ва ҳамоҳанг. Дар мусиқишиносии имрӯза ба ҷои он истилоҳи консонанс истифода мешавад. Ба Мулоимат зуларбаъ (ҳоло кварта), аулхамс (квинта), аул- кулл (октава), зулкул ва-л-арбаъ (ундесима) зулкул ва-л-хамс (дуоде­сима) барин интервало, ҷинсҳои чор ва панҷ …

Муфассал »

МУЛЛОҶОНОВА Шоиста Рубиновна

person

МУЛЛОҶОНОВА Шоиста Рубиновна (таваллуд 3. 9. 1925, Душанбе), сарояндаи советии тоҷик (сопранои лирикӣ). Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1957). Фаъолияти сарояндагиаш соли 1941 дар ан­самбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт. Соли 1943 Омӯзишгоҳи педаго­гии занонаи Сталинободро хатм намуда, ҳамчун хунарпешаи филар­мония фаъолияташро идома дод. Солҳои 1947—53 дар Консерваторияи …

Муфассал »

МУЛЛОҶОНОВ Масъуд

person

МУЛЛОҶОНОВ Масъуд (таваллуд 3. 11. 1929, Душанбе), мунаққид ва публисисти советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  КПСС аз 1959. Коркуни Хизматнишондодаи маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1979). Институти давлатии педагогии Душанберо хатм карда (1949), дар аспираптураи назди он таҳсил на- мудааст; дар идораи газетаю журналҳои республикавӣ, …

Муфассал »

МУЛЛОҶАЛОЛ

kitob-medrese

«МУЛЛОҶАЛОЛ»  китоби дарсии мадрасаҳои Осиёи Миёна оид ба илми калом ва мантиқ. «Муллоҷалол»- ро Муҳаммади Абулҳай ба забони арабӣ таълиф кард, китоб соли 1305 хоҷагии қишлоқ (1888 метр) дар матбааи Лакҳнав чоп шудааст. «Муллоҷалол»-ро ду соли охири таҳсили Мадраса мехонданд. Таълими «Муллоҷалол» инсоатан душвор буд ва толибони илмро лозим меомад, …

Муфассал »

МУЛЛОҲОФИЗИ ВОСЕЪ

person

МУЛЛОҲОФИЗИ ВОСЕЪ (соли  таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, навозанда, бастакори охири асри 19 ва ибтидои асри 20 тоҷик. Аслан аз Ғиждувони Бухоро. Санъати сарояндагию навозандагиро дар зодгоҳаш аз санъаткорони номӣ Меҳтари Туроб, Устотӯла, Устоэргаш омӯхт. Аз аввали фаъолиятн эҷодӣ дар сурудани таронаҳои ахлоқию ирфонӣ қувваозмоӣ намуд. Баъдтар дар иҷрои таронаҳои …

Муфассал »

МУЛЛОҚАНДОВ Эмануил Эфраимович

person

МУЛЛОҚАНДОВ Эмануил Эфраимович (2. 6. 1912, Самарканд — 17. 8. 1977, Душанбе), мутарҷими советии тоҷик. Аз оилаи савдогар. Мусаҳҳеҳи матбаа (1930),/ тарҷумони адабии газетаи «Тоҷикистони сурх» ва мудири шуъбап тарҷумаи бадеии Нашриёти давлатии Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ. Дар Кавкази Шимолӣ, Кубан ва Замини Хурд — назди Новороссийск ҷангидааст. Пас …

Муфассал »

МУЛЛОҚАНДОВ Авнер Кувнович

person

МУЛЛОҚАНДОВ Авнер Кувнович (таваллуд 28. 3. 1911, Самарканд), сарояндаи операи тоҷик (баритон). Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1941). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз сои 1940. Соли 1931 Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро хатм кардааст. Солҳои 1933—34 артисти Театри мусиқии яҳудиён дар Са­марқанд. Муллоқандов соли 1935 баъди …

Муфассал »

МУЛЛОШОҲ

person

МУЛЛОШОҲ (тахаллус; номаш Шоҳмуҳаммад; 1584, деҳаи Арксои Бадахшон—1661, Кашмир), шоири тоҷик. Дар Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Муллошоҳ аз шоирони мутасаввиф буда, дар эҷодиёташ фикрҳои пешқадам, ақоиди зиддидинӣ — исломи рошидӣ зиёд аст. Рӯҳониёни Деҳлӣ барои ин гуна ақоид ба қатли Муллошоҳ фатво дода буданд, аммо дар мубоҳиса Муллошоҳ бар …

Муфассал »

МУЛЛОШОДӢ

deha

МУЛЛОШОДӢ, деҳаест дар Совети қишлоқи Ҳасанови pайони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Марказ то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 41 километр, то_ стансияи роҳи оҳан Хонақоҳ 3 километр, роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1150 нафар. (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, …

Муфассал »

МУЛЛОНОЗЙ

navo

«МУЛЛОНОЗЙ» яке аз навоҳои (оҳангҳои) мақоми «Ҳиҷоз» аз силсилаи «Дувоздаҳмақом*. Дар қатори «Корсоз», «Рӯи Ироқ», «Ҳиҷози Ироқ» шуъбаи «Ҳисор»-и ин мақомро ташкил медиҳад. Оҳангҳои ин мақом то замони мо нарасидаанд, вале ба шакли пароканда дар мақоми (муғомӣ) «Шӯр»-и озарӣ вомехӯранд. А. Низомов.

Муфассал »