Маълумоти охирин

Архивы за день : 29.12.2017

МУЗЕИ ЕДГОРИИ САДРИДДИН АЙНӢ

museum_sadridina_ayni

МУЗЕИ ЕДГОРИИ САДРИДДИН АЙНӢ дар Самарқанд, хона-музеи Садриддин Айнӣ, ки бо қарори Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (аз 16 июни 1964) дар қавлии устод дар шаҳри Самарқанд таъсис ёфтааст. Нависанда солҳои 1923—1953 дар он ҷо зиндагӣ ва кор кардааст. Расми кушоди Музей ба пешвози ҷашни 90-солагии устод Айнӣ 19 …

Муфассал »

МУЗЕИ ДАВЛАТИИ ЭТНОГРАФИЯИ ХАЛҚҲОИ СССР

etnograficheskiy-muzey

МУЗЕИ ДАВЛАТИИ ЭТНОГРАФИЯИ ХАЛҚҲОИ СССР, калонтарин дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР муассисаи илмӣ, маданию маърифатӣ, ки дар он намунаҳои осори маданияти моддӣ ва маъна- вии халқҳои гуногун гирд оварда, омӯхта ва намоиш дода мсшаванд. Дар шаҳри Ленинград воқеъ гаштааст. Январи 1902 ҳамчун шуъбаи этногра­фияи Музеи Россия таъсис ёфт, 1934 …

Муфассал »

МУЗЕИ ГЕОЛОГИ

geolog-museum

МУЗЕИ ГЕОЛОГИИ Управле­нияи геологияи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷи­кистон, ки соли 1959 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Геологи Хизматнишондодан Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Д. 3. Гачечиладзе таъсис ёфтааст. Асоси экспози- сияи онро коллексияи матерналҳое ташкил медиҳад, ки онҳоро ишти- рокчиёни партияҳои геологӣ ва геологҳои ҷудогона аз соли 1939 инҷониб ҷамъ кардаанд. …

Муфассал »

МУЗЕИ ВАЛИЗОДА

muzey

МУЗЕИ ВАЛИЗОДА, х о н а-м узеи ёдгорию адабии шоир ва ҳ о ф и з и халқӣ Сандали Вал и зо да, ки 27 марти 1981 оид ба таъсиси он дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ленин, хонаи 5 қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии …

Муфассал »

МУЗЕИ БРИТАНИЯ

british-museum

МУЗЕИ БРИТАНИЯ (British. Mu­seum), яке аз музейҳои калонтарини ҷаҳон дар Лондон. Соли 1753 таш­кил ёфта, 1759 кушода шудааст. Дар Музеи  Британия ёдгориҳои санъати атиқа, маданияти Мисри Қадим ва Месопота­мия, Юнони Қадим ва Рим, санъа­ти асримиёнагии Европа, Осиё ва Африка, ёдгориҳои қадимаи Бухо­рою Самарқанд, осори шуарою уламои Шарқ, гравюраҳо, суратҳо, ашёҳои …

Муфассал »

МУЗЕИ АМИНЗОДА

musey

МУЗЕИ АМИНЗОДА, хона-музеи ёдгории шоир Муҳидднн Аминзода, ки 13 сентябри 1974 бо қарори Комитети Матказии Партияи Коммунстии Тоҷикистон ва Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон дар хонаи шоир (шаҳри Ленинобод, кӯчаи Лермонтов, 127, хонаи 10) ташкил ёфтааст. Экспонатҳои музей, ки зиёда аз 2000 номгӯй мебошанд, аз ҳаёт ва эҷодиёти Музеи …

Муфассал »

БРАЗИЛИЯ

braziliya

БРАЗИЛИЯ (Brasil), Ҷумҳурии Федеративии Бразилия (Rehublica Federatira do Brasil), бузургтарин давлат дар Амрикои Ҷанубӣ. Аз ҷиҳати масоҳат ва шумораи аҳолӣ панҷумин давлати ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бразилия дар қисми марказӣ ва ҷанубии Амрикои Ҷанубӣ воқеъ аст; хатти истиво ва тропикаи Ҷанубиро бурида мегузарад. Аз шимол ба ҷануб 4,4 ҳазор километр, аз …

Муфассал »

БРАЗИЛИА

brazilia

БРАЗИЛИА (Brasilia), шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия (аз 1960). Дар қисми марказии паҳнкӯҳи Бразилия, дар канори ҷанубии қаторкӯҳи Серра-Жералду-Паранан, дар баландии 1100 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аҳолиаш 2,7 млн нафар (2011). Бразилиа бо ҳудуди атрофаш округи федералиро ташкил медиҳад. Қарор дар бораи бунёди Бразилиа дар Конгресси миллии соли …

Муфассал »

БРАЗЗАВИЛ

brazzaville

БРАЗЗАВИЛ, шаҳр, пойтахти Ҷумҳуриии Конго. Дар соҳили рости дарёи Конго ва поиноби он дар рӯбарӯи шаҳри Кин­шаса ҷойгир аст. Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2013). Масоҳаташ 100 км2, баландиаш аз сатҳи баҳр 230 метр. Браззавил бандари муҳимми дарёӣ аст, ки ба воси­таи он муомилоту бори Африқои Марказӣ ва Чад сурат мегирад. …

Муфассал »

БРАДИКАРДИЯ

bradikardiya

БРАДИКАРДИЯ (аз юнонӣ bradus – кам ва kardia – дил), як навъ иллати дил, ки басомади кашиши он дар як дақиқа аз 60 зарба кам аст. Брадикардия дар одамони солим ва варзишгарон низ ба мушоҳида мерасад. Инҳисори куллии дил бо басо­мади 40-30 зарбаи набз дар 1 дақиқа боиси осеби майна …

Муфассал »