Маълумоти охирин

Архивы за день : 26.12.2017

БОХТАР

bokhtar

БОХТАР (собиқ Коммунистӣ), ноҳия дар вилояти Хат­лон. 17 ноябри 1980 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 578,9 км2. Аҳолиаш 232 ҳазор нафар (2013). Аз маркази ноҳия то маркази вилояти Хатлон шаҳри Курғонтеппа 8 километр, то шаҳри Душанбе 100 километр. 3 ҷамоати шаҳрак (Бохтариён, Бустонқалъа, Исмоили Сомонӣ), 5 ҷамоати деҳот (Ориён, Заргар, Сарвати Истиқлол, …

Муфассал »

БОХТАР

bactria

БОХТАР, Бактра, Бактрия (эломӣ Baik-tur/ris, Baak-ši-iš, Bāxδī, форсии бостон-Baktriš, юнони бостон Baktra, Бохтар Ваχλo-дурахшон, зебо ва равшан), номи кишвари паҳновар ва яке аз нахустин давлатҳои қадимии маҳаллии ориёиён. Бохтар дар ҷануби рӯдхонаи Панҷ ва шимоли Ому то кӯҳҳои Ҳиндукуш ва баъдан заминҳои ҳар ду тарафи рӯдҳои Панҷу Ому (болооби он)-ро …

Муфассал »

БОХАРЗӢ Сайфуддини Бохарзӣ

images

БОХАРЗӢ Сайфуддини Бохарзӣ, Абулмаолӣ Сайфуддин Саъид ибни Матҳар ибни Саъид (1190, Бо­харзи Хуросон 1261, Фатҳободи Бухоро), машҳур ба Шайхи Олам, Хоҷаи Фатҳободӣ, муҳаддис, ориф ва шайхи маъруфи тариқати кубравия. Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас ба сафар баромад ва фиқҳу ҳадисро дар Ҳирот, Нишопур ва Бағдод аз фақеҳону муҳаддисони бузург, …

Муфассал »

БОХАРЗӢ Абулҳасан Алӣ ибни Ҳасан

images

БОХАРЗӢ Абулҳасан Алӣ ибни Ҳасан (фавт 1075, Бохарз), олим, шоир ва адиби зуллисонайни форс-тоҷик. Омӯзгори нахустини ӯ падараш шайх Абуалӣ Ҳа­сан ибни Абутайиби Бохарзӣ буд. Бохарзӣ бо нияти илмомӯзӣ ва ҷамъоварии осори муосиронаш ба шаҳрҳо ва марказҳои илмию маданӣ (Зузан, Рай, Бужаҷ, Ҷурҷон, Астаробод, Марв, Ҳирот, Нишопур, Бағдод, Басра, Восит …

Муфассал »

БОХАРЗ

ohang

«БОХАРЗ», «Тези Бохарз», 1) оҳанги қадимии мавсимию маросимии эронӣ, ки Борбади Марвӣ тасниф кардааст. «Бохарз» ба қисми дуввуми силсилаи «Хусравонӣ»-и Борбад мансуб буда, тавсифи он дар адабиёти бадеии асрҳои 11-12 низ омадааст; 2) гӯшаи мусиқӣ дар таркиботи «Дувоздаҳмақом». Дар манбаъҳои мусиқии асрҳои 13-14, аз ҷумла «Рисола дар илми мусиқӣ»-и Муҳаммади …

Муфассал »

БОФТИ ТОРУ ПУД

adras

БОФТИ ТОРУ ПУД дар матоъ, тарзи хобидани нахҳо, ки таркиб ва намуди зоҳирии матоъро муайян мекунад. Нахҳои қад-қади матоъ хобидаро тор ва нахҳои нисбат ба тор тарвозаро пуд меноманд. Торҳо ҳангоми бофтан нис­бат ба пуд ба тазъйиқу кашиши зиёд ва таъсири соиши дастгоҳ дучор мешаванд. Аз ин сабаб, барои тор …

Муфассал »

БОФТАИ БАДЕӢ

adabiet

БОФТАИ БАДЕӢ, яке аз лаҳзаҳои асосии эҷоди асари бадеӣ аст, ки нависанда воқеиятро ба назар гирифта, рӯйдоди нави бадеӣ месозад. Нависанда дар Бофтаи бадеӣ комилан мустақил нест ва ҳар чӣ хоҳад, ба офаридаҳояш аз худ маълумоти тоза зам наменамояд, балки ин афзудану иловаҳо ба тақозои мантиқии инкишофи рӯҳу равони қаҳрамон, …

Муфассал »

БОФТА

bofta

БОФТА, ҳуҷайраҳои ба ҳамдигар монанд, ки вазифаи ҳамгун доранд. Бофта дар рустаниҳо, ҳайвонот ва одам мавҷуд аст. Бофтаи рустаниҳо гуногун мебошанд, масалан, ҳассос, пӯстӣ, асосӣ, механикӣ, ноқил ва тафриқӣ. Бофтаи ҳассос ё меристемавӣ ҳуҷайраи хурди ҳастааш калон буда, зуд тақсим ва ба ҳуҷайраи дигар бофтаҳо мубаддал ме­гардад. Вобаста ба ҷойгоҳу …

Муфассал »

БОФӢ Абумуҳаммад Абдуллоҳ

images

БОФӢ Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Бухории Хоразмӣ (фавт 1008, Бағдод), фақеҳи маъруфи шофеӣ, ки дар адабиёти араб, илми наҳв, фасоҳату балоғат, шеър, хитоба, бадеҳагӯӣ ва ширинсуханӣ шуҳрат доштааст. Аз Бофи Хоразм барои таҳсили илм ба Бағдод рафт ва ҳамон ҷо муқим шуд. Шогирди Абулқосим Адулазиз ибни Абдуллоҳи Дорикии шофеӣ, ки …

Муфассал »

БОФИЛЛ Рикардо

images

БОФИЛЛ (Bofill) Рикардо (таваллуд 5.12.1939), меъ­морӣ испаниягӣ. Яке аз асосгузорони «Устохонаи меъморӣ»-и Барселона («Taller de Arguitectura»), ки солҳои 1960-63 ташкил шуда, яке аз марказҳои меъмории пост­модернизм гардид. Иморатҳои сохтаи Бофилл-воҳидҳои маскунии Ксанаду дар Калп ва меҳмонҳонаи «Эл Кастелло» дар Ситхес (1969-75), заводи семент дар Барселона, 1970- 78), «Силсилатоқи кӯлҳо» дар …

Муфассал »