Маълумоти охирин

Архивы за день : 22.12.2017

БОРЗУНОВ Олег

images

БОРЗУНОВ Олег (таваллуд 1964, Хуҷанд), варзишгар, велосипедрон, чемпиони Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон миёни наврасон оид ба велосипедронӣ дар масо­фаи кӯтоҳ. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ. Тамринро дар назди мураббии шинохтаи соҳа В. Стойка оғоз намудааст. Баъд чанд муддат таҳти сарпарастии Устоди фахрии варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ 3. Абдуҷамилов машқ карда, барои …

Муфассал »

БОРЗОВ Валерий Филиппович

borzov-valeriy

БОРЗОВ Валерий Филиппович (20.10.1949), варзишгари украин (варзиши сабук), Устоди хидматнишоидодаи варзиши ИҶШС (1970). Чемпиони бисёркаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо (1969-77), чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1972) дар давидан ба масофаи 100 ва 200 м. Рекордсмени ИҶШС ва Аврупо (1970-75). Президента Кумитаи олимпии Украина (1997-1998). Аз соли 1998 раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши …

Муфассал »

БОРЗАД

potentilla_reptans

БОРЗАД (Potentilla reptans), гиёҳест бисёрсола. Пояаш хазанда (дарозиаш 8-50 см), бандҳояш решадор. Баргҳои бехаш панҷашакл, баргчаҳояш байзашакли дарозруя. Гулаш калони тилоранг. Давраи гулшукуфташ май – август, тухмаш август мепазад. Дар бешазори гармсер ва паҳнбарг, дар қади ҷӯйҳо, соҳили дарё, марғзори мавзеъҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар …

Муфассал »

БОРЖОМИ

borjomi

БОРЖОМИ, шаҳр, маркази музофоти Боржомии Ҷумҳурии Гурҷистон. Дар бешазори дараи Боржомии Қафқоз, дар баландии 800-1000 м аз сатҳи баҳр, дар водии д. Кура, ба самти ҷануб-ғарби шаҳри Тбилиси (Тифлис) воқеъ аст. Аҳолиаш 14 ҳазор нафар (2010). Иқлимаш муътадили субтропикӣ бу­да, зимистонаш нарми камбарф (ҳарорати миёнаи январ – 2°С), тобистонаш салқин …

Муфассал »

БОРДОРШАВӢ

zigota

БОРДОРШАВӢ, омехта гаштани ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модинаи рустанӣ, ҳайвонот ва одам, ки дар натиҷа зигота ҳосил мешавад. Моҳияти Бордоршавии ҳайвонотро бори нахуст файласуфон-табиатшиносон ва табибони қадими Ҳиндустон, Хитой, Юнон ва Рум шарҳ додаанд. Бордоршавии ҳайвонот дар тухмроҳа ба амал меояд. Нутфа дар дохили узви ҷинсии модина 18-20 соат қобилияти …

Муфассал »

БОРДОРКУНИИ СУНЪӢ

bordorkuniu

БОРДОРКУНИИ СУНЪӢ, яке аз роҳҳои бордор кар­дани чорво. Бордоркунии сунъӣ ба воситаи асбобу лавозимоти махсус ба амал бароварда мешавад. Ба воситаи Бордоркунии сунъӣ аз нутфаи як ҳайвони нарина чандин ҳайвони модинаро бордор меку­нанд. Аз нутфаи як буққа зиёда аз 20 ҳазор гусола гирифтан мумкин аст. Бордоркунии сунъӣ барои беҳтар шудани …

Муфассал »

БОРДОН

bordon

БОРДОН, борҷома, василаест (монанди халта, хӯрҷин, ҷувол, бӯхча, баста, лаълӣ ва ғайра), ки чизҳои хурду калон ва ашёи рӯзгорро ба дарунаш ҷой мекунанд, то нигоҳдорӣ ва кашондани он мувофиқтар гардад. Маъмулан фурӯшанда чизҳои фурӯхташударо дар Бордон гузошта, ба харидор месупорад. Носири Хусрав дар «Сафарнома»-аш гуфтааст: «Дар бозори он ҷо аз …

Муфассал »

БОРДО

bordo

БОРДО, шаҳр дар қисми ҷануби ғарбии Фаронса. Мар­кази маъмурии департаменти Жиронда. Дар соҳили дарёи Гаронна, 97 км дуртар аз халиҷи Бискай ҷойгир аст. Аҳолиаш 285,1 ҳазор нафар (2010, бо атрофаш 750 ҳазор на­фар). Маркази муҳимми нақлиётӣ, бандарҳои калони баҳриаш Пойак ва Ле-Вердон-сюр-Мер (муомилоти бор дар 1 сол 10 млн тонна). …

Муфассал »

БОРБАД

borbad

БОРБАД, деҳа дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон. Аз Борбад то маркази ноҳия 48 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 440 нафар (2013). Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби деҳаи Ҳаёти Нав таҳсил ме­кунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш тариқи наҳри Шохаи Рост обёри мешаванд. …

Муфассал »

БОРБАД

borbad

БОРБАД (тақрибан 585-89, Нисо (Нусай), Марв – 628-38, Тайсафун, Марв), сароянда, навозанда, мусиқидони эронӣ, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи эро­нӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбаз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад. Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсии миёна) «ба мартабаи бузург ё ба …

Муфассал »