Маълумоти охирин

Архивы за день : 21.12.2017

БОНЧКОВСКИЙ Флавий Николаевич

images

БОНЧКОВСКИЙ Флавий Николаевич (23.10.1909, Барнаул, Руссия -1987, шаҳри Симферопол, Украина), гидро­мелиоратор, доктори илмҳои кишоварзӣ (1963), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964). Хатмкардаи Институти гидромелиоратсияи шаҳри Маскав (1937). Фаъолияти илмиашро ба сифати ассистенти донишкадаи мазкур оғоз кардааст. Соли 1940 ба Тоҷикистон омад. Муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи геодезия ва мелиоратсия (1947— …

Муфассал »

БОНЧ-БРУЕВИЧ Владимир Димитриевич

vladimir_bonch-bruyevich

БОНЧ-БРУЕВИЧ Владимир Димитриевич (28.6.(10.7) 1873-14.7.1955), ходими давлатӣ ва сиёсии Руссия, доктори илмҳои таърих. Соли 1892 Омӯзишгоҳи заминсозии Курскро хатм намуд. Аз соли 1895 ба ҳаракати сотсиал-демократӣ пайваст ва ба чопи як қатор нашрияҳои болшевикӣ пардохт. Дар солҳои 1898—99 ба мавҷи ҳаракати тариқатгароии зидди православӣ аз Қафқоз ва Канада иштирок дошт. …

Муфассал »

БОНУС

bonus

БОНУС (лот. bonus – некӯ, хуб), подоши изофӣ, ҷоиза, изофапулӣ ба маош, мукофотпулӣ дар шаклҳои пулӣ ва молӣ. Одатан ин мафҳумро ҳамчун подоши иловагӣ ё ҷоиза тафсир медиҳанд. Бонус воситаи муносиби ҳавасмандсозию таъсирбахшӣ ба кормандон буда, як ё ду маротиба дар шакли пулӣ ва ғайра пардохт мешавад. Дар суғурта, тиҷорат …

Муфассал »

БОНУГУШАСПНОМА

shohnoma

«БОНУГУШАСПНОМА» яке аз достонҳои хамосиест, ки дар сабку равияи «Шоҳнома»-и Фир­давсӣ, дар баҳри мутақориб, тақрибан дар асри 11 (дар ҳаҷми 900 байт) таълиф шудааст. Муаллифаш номаълум. Дар ин достон аз корнамоиҳо, ҷангу набардҳои Бонугушасп – духтари Рустам сухан меравад. Дар достонҳои «Баҳман­нома», «Барзунома» аз Бонугушасп ва ҷангҳояш бо душманон ёд …

Муфассал »

БОНУГУШАСП

images

БОНУГУШАСП яке аз шахсиятҳои қиссаву ривоятҳо, достонҳои хамосии «Баҳманнома», «Барзунома», «Бонугушаспнома» ва ғайра, яке аз духтарони Рустам (модараш холаи Кайқубод). Зане зебо, далер, чусту чолок, паҳлавон буд. Дар майдони набард аз мардон камӣ надошт. Қайсари Рум, Фағфури Чин, баъзе хешовандони Кайковус, Туси паҳлавон – фарзанди Нӯзар ба назди Рус­там ба …

Муфассал »

БОНУ

images

БОНУ (тахаллус; Хейфитс Ситсилия Бенсиановна; 13.3.1911, Любеч, вилояти Чернигови Украина – 1998, Киев), шоира ва тарҷумони рус. Коркуни хидматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1981). Ҳамсари А. Лоҳутӣ. Шуъбаи форсии курсҳои шарқшиносиро соли 1928 дар шаҳри Киев хатм намуда, ба Осиёи Миёна, ба Самарқанд омад. Дар ин ҷо аввал муаллима …

Муфассал »

БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН

bonuvoni-tojikiston

«БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН», маҷаллаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон. Муассисаш Президенти Тоҷикистон. Аз сентябри 2006 ҳар моҳ бо забони тоҷикӣ (баъзе мавод бо забони русӣ) дар ҳаҷми 32 саҳифа нашр мешавад. Дар маркази вилоятҳо мухбирони худро дорад. Мақсад аз ташкили «Бонувони Тоҷикистон» инъикоси муваффақият ва бозтобу таҳлили мушкилоти бонувони Тоҷикис­тон …

Муфассал »

БОННАР Абел

abel-bonnar

БОННАР Абел (1883, Пуатйе – 1968, Мадрид), нависандаи фаронсавӣ. Фаъолияти эҷодиашро аз рӯзноманигорӣ оғоз намудааст. Ба қалами ӯ китобҳои «Уқёнус ва Бразилия», «Фаронса ва фарзандони гумноми ӯ» (ҳар ду 1919), «Бачагӣ», «Марокаш» (ҳар ду 1929) ва ғайра тааллуқ доранд. Боннар ба «Шоҳнома»-и Фмрдавсӣ таваҷҷуҳи хос дошт. Соли 1908 достони хамосие …

Муфассал »

БОНН

bonn

БОНН (Воnn), шаҳр дар Олмони Ғарбӣ (музофоти Рейн- Вестфалия), дар соҳили дарёи Рейн. Аҳолиаш 324899 нафар (2010; бо аҳолии шаҳрҳои Кёлн ва Леверкузен зиёда аз 3 млн нафар). Маркази нақлиётӣ, дар ҳайати системаи роҳи оҳани баландсуръати умумиаврупоӣ аст. Бандари дарёӣ ва аэропортӣ байналмилалӣ дорад. Дар асри 1 то милод дар …

Муфассал »

БОНКИ ЭСХАТА

esxata_bank

«БОНКИ ЭСХАТА», ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК), бонки саҳомию тиҷоратии ғайридавлатӣ. 16 ноябри 1993 ҳамчун бонки тиҷоратии «Эсхата» аз тарафи соҳибкор Д. М. Носиров дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Соли 1994 иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт. Соли 1999 ба бонки саҳомии тиҷоратии «Эсхата» табдил ёфт. Аз 12 сентябри 2002 ҷамъияти …

Муфассал »