Маълумоти охирин

Архивы за день : 20.12.2017

БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

adb

БОНКИ ОСИЁИИ РУШД (англисӣ Asian Development Bank), бонки байнидавлатии минтақавии кредитҳои дарозмуҳлат барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором. Соли 1966 ташкил шуда, то имрӯз 64 давлат аъзои он ме- бошанд. Саҳомони асосии Бонки Осиёии Рушд: Ҷопон, ИМА, Хитой, Ҳиндустон, Австралия, Индонезия ва Канада. Бонки Осиёии Рушд ба­рои ҳавасмандии болоравии …

Муфассал »

БОНКИ НОШИР

bank-emitent

БОНКИ НОШИР, Бонк-эмитент, бонке, ки барои муомилот пул ё коғазҳои қиматнок ва санади пардохту ҳисоб (кортҳои бонкӣ, дафтарҳои чек) мебарорад. Ба наш­ри пул асосан бонкҳои марказӣ машғуланд. Чопи коғазҳои қиматнок ба уҳдаи бонкҳои тиҷоратӣ аст.

Муфассал »

БОНКИ НАВОВАРӢ

bonki-navovari

БОНКИ НАВОВАРӢ. Бонки инноватсионӣ, яке аз намудҳои бонки махсусгардонидаи тиҷоратӣ. Қарзҳои ин гуна бонкҳо барои дар истеҳсолот татбиқ намудани технологияи ҷадид, боло бурдани дараҷаи истеҳсолоти корхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти нави бозоргир ва дигар мақсадҳо пешбинӣ шудаанд. Сарчашмаи захираи Бонки навоварӣ васоити хусусӣ ва маблағгузории мизоҷон аст. Бонки навоварӣ, одатан қарзҳои дарозмуҳлат …

Муфассал »

БОНКИ МУВАККАЛ

foreign-bank

БОНКИ МУВАККАЛ, Бонки гумошта, бонке, ки барояш бонки давлатӣ (миллӣ, марказӣ) ё дигар сохторҳои босалоҳият иҷозатномаи инҳисорӣ ҷиҳати доир на­мудани ин ё он амалиёти бонкиро медиҳад. Чунин иҷозатнома дар шакли парвона (литсензия), қарори ҳукуматӣ ё ғайри он дода мешавад. Дар чунин қарор феҳристи бонкҳое сабт аст, ки чунин ваколатро соҳибанд.

Муфассал »

БОНКИ МОЛИЯВИИ ХУРД

bmkh

БОНКИ МОЛИЯВИИ ХУРД, муассисаи молиявӣ. Шумораи бонкҳои маблағгузории хурд дар ҷаҳон меафзояд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 150 Бонки молиявии хурд фаъолият дорнад (2013). Вазифаи асосии Бонки молиявии хурд ба муҳлати муайян ба соҳибкорони хурду миёна додани кредитҳои хурд мебошад. Расмияти додани кредит то андозае сода карда шудааст. Аз Бонки молиявии …

Муфассал »

БОНКИ МИЛЛӢ

nas-bank

БОНКИ МИЛЛӢ, Бонки марказӣ, бонки давлатии асосии мамлакат, ҷузъи муҳимми системаи пулӣ-кредитии давлат. Бонки миллӣ вазифаҳои махсус дорад, ки яке аз онҳо барориши пул ва танзими фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ аст. Бонки миллӣ бонки бонкҳо буда, дастгири давлату ҳукумат дар робита ба гардиши пул ва идораи буҷа мебошад. Бонки миллӣ доир …

Муфассал »

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

nas-bank

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, муассисаи мустақили бонкии Тоҷикистон (бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Соли 1991 «Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 1996 «Бонки миллии Тоҷикистон» …

Муфассал »

БОНКИ КООПЕРАТИВӢ

kooperative-bank

БОНКИ КООПЕРАТИВӢ, муассисаи кредитдиҳаидаву молиявӣ, ки истеҳсолгарони маҳсулот бо роҳи ҳиссагузорӣ ташкил мекунанд ва мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи тарафайн барои гирифтани кредит ва дигар хадамоти бонкӣ мебошад. Бонки кооперативӣ як намуди бонки тиҷоратӣ буда, аз рӯйи принсипи соҳавӣ ва ҳудудӣ таш­кил карда мешавад. Бонки кооперативӣ моликияти кооперативии аъзои …

Муфассал »

БОНКИ КЛИРИНГӢ

kliring-bank

БОНКИ КЛИРИНГӢ, бонке, ки узви палатаи муҳосибот буда, ба низоми миллии раддабандии пардохтҳои чекӣ, ки хадомоти зайлро фарогиранд, дохил аст: тартиб до­дани феҳристи вазъи арзишҳои моддӣ, гирифтан ва таҳвил намудани коғазҳои қиматдор, пардохтҳо. Бонки клирингӣ дар кори ҳисобу китоби дохилии мамлакат ва умури бонкӣ нақши фаъол дошта, дар консорсиумҳои байналмилалӣ, …

Муфассал »

БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

idb

БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД (Islamic Development Bank), созмони байналмилалии молиявӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ. Бонки Исломии Рушд 18 декабри 1973 дар конференсияи аввали вазирони молияи кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ бунёд шуда, фаъолияти худро 20 октябри 1975 оғоз кардааст. Сармояи Бонки Исломии Рушд аз ҳисоби ҳаққи узвияти кишварҳои аъзои он …

Муфассал »