Маълумоти охирин

Архивы за день : 19.12.2017

БОНИФИКАТСИЯ

bonifikatsiya

БОНИФИКАТСИЯ (фаронсавӣ bonification, лотинӣ bonus – раҳмдил, хуб), а) баргардондани андозҳои аз молҳои содиротӣ ситонидашуда (ба ҷониби содиркунанда) бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозори беру­на (ҷаҳонӣ); б) изофапардохт ба нархи моли дар қарордод муқарраргардида, агар сифати он баландтар аз сифати шартӣ бошад; в) пардохти якдафъаинаи соҳибони вом (заём) ҳангоми …

Муфассал »

БОНИФАСИО Андрес

bonifacio

БОНИФАСИО Андрес (29.11.1863, Манила – 10.51897, Марогондон, музофоти Кавит), яке аз роҳбарони ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ ва Қаҳрамони миллии Филиппин. Ҳангоми фаъолияти худ дар яке аз ширкатҳои англисӣ дар Манила бо ақидаҳои истиқлолхоҳии X. Рисил ошно шуда, ба Лигаи Филиппин дохил гардид. Ҳамчунин Бонифасио дар ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ислоҳоти сиёсӣ ширкат дошт. …

Муфассал »

БОНИТИРОВКА

bonitirovka

БОНИТИРОВКА (аз лотинӣ bonitas – хушсифатӣ), 1) баҳодиҳии қиёсию сифатӣ ба хок чун воситаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ. Бонитировка бо нишондодҳои миқдорӣ ифода ёфта, асоси онро хосияти хок ва дараҷаи ҳосилхезӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми Бонитировка хосияти хок (ғафсии қабати гумус, ғурӯшанокӣ, порухок, моддаҳои ғизоӣ, карбонатҳо, реаксияи муҳит, хосиятҳои физикӣ, шӯрӣ, …

Муфассал »

БОНИТЕТИ БЕША

bonitas

БОНИТЕТИ БЕША (аз олмонии bonitat, лотинӣ bonitas – хушсифатӣ, хушсифат будан), нишондоди маҳсулнокии беша, ки ба муҳити иқлиму хок вобастагӣ дорад. Бонитети бешаро аз рӯйи баландии миёнаи дарахтон муайян мекунанд, ки барои бозрасии хоҷагӣ ва ташкилу танзими хоҷагии ҷангал муҳим аст. Ҷадвали ба бонитет ҷудо кардани дарахтзорро аввалин бор олими …

Муфассал »

БОНИСТИКА

bonistika

БОНИСТИКА (фаронсавӣ bonistigue), илми ёрирасони фанни таърих, ки пули коғазӣ ва бонҳои аз гардиш баромадаро ҳамчун санади таърихии инъикоскунандаи вазъи иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа меомӯзад. Бонистика дар оғози асри 20 ба вуҷуд омада, бо нумизматика робитаи зич дорад.

Муфассал »

БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович

bondarchuk

БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович (20.9.1920, деҳаи Белозёркаи вилояти Херсони Украина – 20.11.1994, Мас­кав), коргардони кино, ҳунарпеша ва сенариянависи шӯ­равӣ, Артисти халқии ИҶШС (1952), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии шаҳри Ростов (1941) ва факултаи актёрии Институти давлатии умумииттифоқии маданияти шаҳри Маскав (1948). Ширкатдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Нақши аввалинро дар …

Муфассал »

БОНДАРЕВ Юрий Василевич

bondarev

БОНДАРЕВ Юрий Василевич (таваллуд 15.3.1924, шаҳри Орски вилояти Оренбург), нависандаи рус. Ширкатку­нандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) аз августи 1942. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984). Хатмкардаи Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1951). Ҳикояҳои нахустинаш соли 1949 дар матбуот чоп шуда­анд. Маҷмӯаи нахустинаш – «Дар дарёи калон» (1953), повести нахустинаш – «Командирони …

Муфассал »

БОНГИ ХАТАР

bongi-khatar

БОНГИ ХАТАР (ҳарбӣ), 1) Ишорати шартӣ (бо мушак, бурғу, шайпур), ки аз рӯйи он ҷузъу томҳои ҳарбӣ (қисм, итгиҳодия) дар муҳлати муқарраршуда дар ҳолати комилан тайёри ҳарбӣ барои иҷрои супориши ҷангӣ дар минтақаи аз рӯйи нақша муайяншуда ҳозир мешаванд. 2) Ишорати шартӣ (ё гурӯҳи ишорот), ки аҳолиро аз хатари ҳуҷуми …

Муфассал »

БОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович

bongard-levin-grigorij-maksimovich

БОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович (таваллуд 26.08. 1933, Маскав), яке аз муаррихон ва шарқшиносони рус. Дар оилаи кормаиди илмӣ таваллуд шудааст. Хат­мкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1956). Аз соли 1956 корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС. Роҷеъ ба таъри­хи пайдоиш ва умури идории империяи маврҳо, хусу­сиятҳои …

Муфассал »

БОНАПАРТИЗМ

bonapartizm

БОНАПАРТИЗМ, сиёсатест, ки дар натиҷаи буҳрони сиёсии ҷомеа яке аз гурӯҳҳои қудратгалаб вазъи баамаломадаро истифода намуда, бо ёрии артиш ё нерӯҳои низомии дигар ҳокимиятро соҳиб мешавад. Сараввал истилоҳи Бонапартизм барои ифодаи диктатураи ҳарбии Наполеон Бона­парт ва Луи Бонапарт истифода шуда, дертар маънии фарохтари сиёсати эътимодбахши ҳарбиеро гирифт, ки дар миёни …

Муфассал »