Маълумоти охирин
Главная / 2017 / December / 13 (страница 2)

Архивы за день : 13.12.2017

БОЗТАМВИЛ

mablagguzori

БОЗТАМВИЛ дар бонкдорӣ, маблағгузории такрорӣ, 1) аз тарафи муассисоти қарздиҳанда ҷалб наму¬дани вомҳои байнибонкӣ ё қарзҳои бонки марказӣ барои истиқрози бонк. 2) Ҷуброни пурра ё қисми вомҳо аз ҳисоби қарзҳои нав. 3) Бозтамвили коғазҳои қиматнок нашри нави коғазҳои қиматнокест барои иваз ё бозпардохт кардани коғазҳои қиматноке, ки қаблан дар муомила …

Муфассал »

БОЗСОЗӢ

bozsozi

БОЗСОЗӢ, номи умумии ислоҳот, идеологияи нав ва сиёсати роҳбарияти Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ (ҲКИШ) ва ИҶШС, ки мақсади асосии он навсозии амиқи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат, дар заминаи ташкили нави меҳнати ҷамъиятӣ равнақ додани корҳои хоҷагии халқ ва ҳарҷониба ошкор кардани моҳияти инсондӯстонаи ҷамъиятӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ …

Муфассал »

БОЗРАСӢ

pravo

БОЗРАСӢ, дар ҳуқуқ низоми азназаргузаронӣ ва назорат (дидбонӣ, нигаҳбонӣ)-и дурусти амали мақомоти зертобеъ ва ашхос; инчунин шакли махсуси мақомоти идоракунии давлатӣ, ки аз тарафи давлат барои зери назорат (дидбонӣ, нигаҳбонӣ) шрифтами иҷрои қоидаҳои барои соҳаҳои муайян муқарраршуда (масалан, Бозрасии бехатарии ҳаракати роҳ, Бозрасии санитарию эпидемиологӣ, Бозрасии бехатарии оташнишонӣ, Бозрасии андоз …

Муфассал »

БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ (БДА)

bda

БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ (БДА), шакли махсуси мақомоти идоракунӣ ва назорати давлатӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсис дода шудааст. БДА моҳи марти соли 1936 дар марказ ва дар ҷойҳо ба тобеияти Сарраёсати милитсияи коргару деҳқон гузаронида шуда, 3-юми июли ҳамон сол Шурои Ко­миссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Низомномаро …

Муфассал »

БОЗПЕЧ

bozpech

БОЗПЕЧ, 1. Як навъ шаддаи муҳра ё шаба аст, ки барои бозии тифл онро дар чӯби гаҳвора меовезанд. Бозпеч маъмулан аз муҳраҳои якранг ё гуногуни ҷилодору назаррабо, ки ба риштаи тофташуда гузаронида шудаанд, таҳия мешавад. Бозпечро, одатан, модар ё момодоя дар дастаи гаҳвора болои сари кӯдак барои бозӣ ва оромкунӣ …

Муфассал »

БОЗОРОВА Саноат Шукуровна

images

БОЗОРОВА Саноат Шукуровна (таваллуд 29.8.1932, ноҳияи Янгибозор – ҳозира шаҳри Ваҳдат). д. и. педагогӣ (2006). Пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1957) дар ҳамин донишкада ва баъдан дар УДТ, Дониш­гоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба сифати мудир ва …

Муфассал »

БОЗОРОВ Шавкат Шарифович

images

БОЗОРОВ Шавкат Шарифович (таваллуд 16.3.1958, Душанбе), иқтисоддон-менеҷери тоҷик, д. и. иқтисодӣ (2001). Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (холо ДАТ; 1979). Солҳои 1979-86 раиси Созмони ҷавонон, озмоишгар (лаборант) ва ассисенти кафедраи истифодабарии техникаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1986-88 сардори шуъбаи ҷорӣ намудани дастовардҳои илмии Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон, 1988— 90 мудири …

Муфассал »

БОЗОРОВ Пирмат

images

БОЗОРОВ Пирмат (1904, деҳаи Ҷигдалики ноҳияи Конибодом – 1956, деҳаи Қарақчиқуми ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), иштарокдори ҶБВ (1941-45). Солҳои 1930-41 колхозчӣ, сардори звенои колхози «Инқилоб», 1943-56 оброн ва сардори звенои колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Конибодом буд. Звенои Бозоров солҳои 1945—47 ба гирифтани ҳосили фаровони пахта муваффақ шудааст. Бо …

Муфассал »

БОЗОРОВ Облоқул

images

БОЗОРОВ Облоқул (таваллуд 5.10.1932, ноҳияи Булунгур, вилояти Самарқанд, Ӯзбекистон), файласуф, д. и. фалсафа (1973). Соли 1956 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, дар ҳамин ҷо ассистенти кафедраи фалсафа буд. Соли 1958 ба Душанбе ома­да, аспирант, ассистент ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1965 мудири кафедраи атеизми …

Муфассал »

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович

images

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович (таваллуд 1.4.1954, Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ҷарроҳ-онколог, д. и. тиб (1998), профессор (2001). Хатмкар­даи факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Ҷарроҳ-онкологи Диспансери клиникии онкологии ҷумҳуриявӣ (1977-81), ординатори клиникии кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Институти маркази такмили ихтисоси духтурони шаҳри …

Муфассал »