Маълумоти охирин
Главная / 2017 / December / 12 (страница 2)

Архивы за день : 12.12.2017

БОЗОРИ МОЛИЯВӢ

bozori-moliyavi

БОЗОРИ МОЛИЯВӢ, низоми муносибатҳоест, ки дар он аз нав тақсим кардани захирахои молиявӣ тавассути миёнаравони молиявӣ сурат мегирад. Бозори молиявӣ аз бозори сар­моя ва бозори пул иборат мебошад. Дар Бозори молиявӣ гардиши сармоя, пешниҳоди қарз, амалиёти табодули пул ва воридсозии маблағхои молиявӣ дар истеҳсолот ба амал ме­ояд. Маҷмӯи талаботу пешниҳодот …

Муфассал »

БОЗОРИ МЕҲНАТ

bozori-mehnat

БОЗОРИ МЕҲНАТ, соҳаи талаботу пешниҳод ба қувваи корӣ. Бозори меҳнат барои ба муҳлати муайян фурӯхтани нерӯи корӣ мусоидат мекунад. Объекти хариду фурӯш дар Бозори меҳнат қувваи корӣ, малака, тахассус ва қобилияти меҳнат аст. Бозори меҳнат ба маънии том силсилаи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷамъият буда, барои таъмини муттасилу бомароми …

Муфассал »

БОЗОРИ ҚУВВАИ КОРӢ

bozori-kuvvai-kori

БОЗОРИ ҚУВВАИ КОРӢ, қисми ҷудоноипазири иқтисоди бозорӣ. Бозори қувваи корӣ тарзи ҷамъиятию иқтисодии ҳаракати захираҳои меҳнатӣ ва роҳи ба системаи иқтисоди ворид сохтани нерӯи корист. Дар шароити иқтисоди бозорӣ не­рӯи корйӣ мол буда, баҳо ва арзиш дорад. Бозори қувваи корӣ аз рӯйи системаи муносибат байни харидор (корфармо), фурӯшан­да (молики қувваи …

Муфассал »

БОЗОРИ ҚОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

rinok-sennix-bumag

БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК, ташкилоте, ки ва­зифаи он фароҳам овардани шароити мусоид барои гар­диши мунтазами коғазҳои қиматнок ва муқаррар кардани нархи бозории онҳо, паҳн намудани маълумот дар бораи коғазҳои қиматнок, боло бурдани савияи касбии иштирокдорони бозори коғазҳои қиматнок ва ғайра мебошад.

Муфассал »

БОЗОРИ ЗАМОНАТӢ

bozori-zamonati

БОЗОРИ ЗАМОНАТӢ, бозори ипотекӣ, бозори дуюмин, ки қисми бозори сармоя мебошад. Вазифаи асосии Бозори замонатӣ таъмини маблағгузории қарзҳои замонатӣ аст. Дар Бозори замонатӣ коғазҳои қиматноки замонатӣ – гаравнома (гаравхат), вомбаргу тасдиқномаҳои замонатӣ, шаҳодатномаҳои гарав ва ғайра дар гардиш мебошанд. Коғазҳои қимат­ноки замонатиро муассисаҳои махсусгардонида, ширкатҳои истеҳсолию молиявӣ (корпоратсияҳо, фондҳо, агентиҳо) …

Муфассал »

БОЗОРИ ДОХИЛИИ ҚОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

rinok

БОЗОРИ ДОХИЛИИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК, нашр ва фурӯши коғазҳои қиматнок дар як мамлакат. Ба маънии маҳдуд Бозори дохилии коғазҳои қиматнок қисми бозори дохилии миллӣ буда, тариқи барориш ва савдои коғазҳои қиматноки резидентҳоро ифода мекунад.

Муфассал »

БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯИ ҚАРЗӢ

bozor-karz

БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯИ ҚАРЗӢ, низоми муносибатҳоест, ки дар он сармояи қарзӣ, маблағҳои пулӣ ба мизоҷон бар ивази гирифтани фоиз ва дар муҳлати муайян баргардондани онҳо дода мешавад. Он бозори муносибатҳои қарзии танзимшаванда буда, ҳамкории ду нафар, яъне қарздиҳанда ва қарзгирандаро му­айян мекунад. Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ амалиёти зеринро дар бар …

Муфассал »

БОЗОРИ АСЪОР

bozori-asor

БОЗОРИ АСЪОР, силсилаи муносибатҳои устувори иҷтимоӣ-иқтисодию созмонӣ, ки ҳангоми харидан ва (ё) фурӯхтани асъори хориҷӣ, хуҷҷатҳои пулии асъори хориҷӣ, инчунин амалиёт оид ба гардиши сармояи маблағгузорони хориҷӣ ташаккул меёбад. Дар Бозори асъор мувофиқати манфиатҳои маблағгузорон, фурӯшандаҳо ва харидорони асъори гаронбаҳо ба амал меояд. Саррофӣ (заршиносӣ ва ивазкунии пул) дар Осиёи …

Муфассал »

БОЗОРҚАЛЪА

bozorkala

БОЗОРҚАЛЪА, ёдгори давраи биринҷӣ дар поёноби руди Ому, мансуб ба асрҳои 15-12 то милод Бозёфтхои Бозорқалъа дар бораи бо зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул будани қабилаҳои маҳаллӣ маълумот медиҳанд. Дар ҳамин ноҳия бошишгоҳҳое ба Бозорқалъа монанди Ёнбош-6, Бозор-2 ва 3, Кӯкча-2 тадқиқ шудаанд. Ин ёдгориҳои маданияти Суюрғон бо номи Бозорқалъа машҳуранд. …

Муфассал »

БОЗОРДАРА

bozordara

БОЗОРДАРА, димнаи шаҳри қадимии асрҳои 10-12 дар водии д. Оқҷилға, шохоби чапи Мурғоб дар Помири Шарқӣ. Он аз корвонсарой, иқоматгоҳ, қабристон, ҳаммом ва оташкада иборат буд. Корвонсарой аз деворҳои сангини чоркунҷашакл сохта шуда, масоҳаташ 2000 м2 мебошад. Кӯчаи марказии корвонсарой 43 м дарозӣ дошта, 2 даромадгоҳ – шимоли шарқӣ ва …

Муфассал »