Архивы за день : 11.12.2017

БОЗОР СОБИР

bozor-sobir

БОЗОР СОБИР (насаб Собиров; таваллуд 20.10.1938, деҳаи Суфиёни ноҳияи Файзобод), шоири тоҷик. Хатмкардаи УДТ (1962). Ходими адабӣ ва мудири шуъбаи газетаи «Маориф ва маданият» (то соли 1975), мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» (1975-79), ҷонишини раиси Шурои назми ИН Тоҷикистон (1979-81), мушовири шуъбаи назми ИН Тоҷикистон (1981 – 90), вакили …

Муфассал »

БОЗОР

bozor

БОЗОР (паҳлавӣ воҷор), маҳалли махсуси хариду фурӯши коло, хурок ва ҳар навъ ашё, кӯчаи болопӯшида, ки аз ду сӯй дуконҳо дорад. Дар Бозор ду раванд ба амал меояд: яке фурӯши мол (дар ин ҳол мол ба пул табдил меёбад, яъне П – М), дуввум харидории мол (яъне пул ба мол …

Муфассал »

БОЗОН

images

БОЗОН Бодом, Бозом, охирин ҳокими эронии дастнишондаи Сосониён дар Яман. Бозон баъд аз Хурра Хусрав аз ҷониби шоҳ Хусрави Парвиз (ҳукмронӣ 590-628) ҳокими Яман таъйин гардид. Баъзе муаррихон насаби Бозонро ба воситаи Вахраз ба хонадони Сосониён расонидаанд. Бозон аз мардуми эронии муқими Яман буд, ки онҳоро «абно» мегуфтанд. Тағйироти бавуҷудомададар …

Муфассал »

БОЗОН

bozon

БОЗОН (аз насаби физикии ҳинд – Ш. Бозе), бозе-зарра, зарраи қимати спинаш бутун (0, 1, 2,), Бозонҳо бар хилофи фермионҳо ба омори Бозе-Эйнштейн итоат меку­нанд, ки мувофиқи он шумораи дилхоҳи зарраҳои яксон дар як ҳолати квантӣ қарор мегиранд. Бозонҳо бунёдӣ ва таркибӣ мешаванд. Бозонҳои бунёдӣ кванти майдонҳои калибрӣ ҳастанд, ки …

Муфассал »

БОЗНИШАСТАГӢ

boznishastagi

БОЗНИШАСТАГӢ, вазъияти иҷтимоии шахс, ки ба сабаби анҷом ёфтани муҳлати адои хидмат, пирсолӣ, нотавонӣ, гум кардани қобилияти корӣ ва ғайра фаъолияти меҳнатиаш қатъ гашта, давлат барои таъмини моддии ӯ маблағи молии муайян муқаррар менамояд. Нигар низ Нафақа.

Муфассал »

БОЗӢ

bozi

БОЗӢ, яке аз намудҳои асосии фаъолияти ҷисмию зеҳнӣ, ки дар инкишофи ҳамаҷонибаи фардии бачаҳо муҳим аст. Дар Бозӣ талаби ба олами атроф таъсир расонда­ни кудак зоҳир гардида, сифатҳои фикрӣ, ахлоқӣ ва иродавиаш ташаккул меёбанд. Бозӣ дар кӯдак хамчун шақли баамалбарории фаъолият хидмат менамояд. Амалҳои Бозӣ дар кудакон дар натиҷаи тақлиди …

Муфассал »

БОЗИЧА

bozicha

БОЗИЧА, ашё барои бозии бачаҳо мисли лухтак, тӯб, камонак, мошинча, образҳои ҳайвонот ва парандаҳои аз чӯб ва лой сохташуда ва ғайра. Бозичаҳо дастӣ ва истеҳсолӣ мешаванд. Онҳоро аз чӯб, лой, охан, пластмасса ва ғайра месозанд. Аз рӯйи истифода Бозичаҳо сенсорӣ, образнок, истеҳсолӣ, техникӣ, ҷамъиятӣ-маишӣ ва ғайра мешаванд. Бозичахо ба тарбияи …

Муфассал »

БОЗИҲОИ ПАНҶУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

gushting

БОЗИҲОИ ПАНҶУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ, мусобиқаи варзишии байналмилалӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ. Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ аз 14 то 20 октябри 2003 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор гардид. Ба  барномаи Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ чунин намудҳои варзиш дохил карда шуда буд: гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, дзюдо, бокс, таэквандо (ВТФ), …

Муфассал »

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

bozihoi-olimpi

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ, 1) ид ва мусобиқаҳои оммавӣ дар Юнони Қадим. Мувофики анъанаи таърихӣ аз соли 776 то милод ҳар 4 сол як бор дар шаҳрчаи Олимп (шимоли ғарбии Пелопоннеси вилояти Элида) баргузор мегардид. Ба ин муносибат дар ин ҷо варзишгоҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, гимнасия (машқгоҳ), ҳарамҳо ва ғайра сохта мешуданд. Дар …

Муфассал »

БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ

bozihoi-milli

БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ, фаъолиятҳоеянд, ки хамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум новобаста ба синну сол аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд. Бархе аз Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ дар замони бостон (аҳди Сосониён) роиҷ буданд ва то имрӯз расидаанд. Дар …

Муфассал »