Маълумоти охирин
Главная / 2017 / December / 09 (страница 2)

Архивы за день : 09.12.2017

БОЗДОРӢ

bozdori

БОЗДОРӢ навъи сайд бо парандагони шикорӣ. Истилоҳи «Боздорӣ» аз калимаи «боз» пайдо шудааст. Дар сартосари Ховарзамин аз қадимулайём аҳли фан нисбат ба дигар парандагони шикорӣ ба боз (ё шоҳбоз) таваҷҷуҳи бештар доштанд. Боз парандаи бумии Осиёи Марказӣ буд ва фанни шикор бо паранда аз ҳамин боз падид омадааст. Бинобар ин …

Муфассал »

БОЗДОДИ ҶИНОЯТКОР

ekstraditsiia

БОЗДОДИ ҶИНОЯТКОР, экстрадитсия, дар хуқуқи ҷиноятӣ супоридани шахсест, ки ҷиноят содир намудааст ё барои ҷинояти содирнамудааш адои ҷазо менамояд. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 16 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, ду ҳолатро пешбинӣ кардааст: 1) шахрванди Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати ди­гар ҷиноят содир кардааст, …

Муфассал »

БОЗГӮЙ

bozgui

БОЗГӮЙ, шохаи созию овозӣ дар мақом ва мақомсароӣ, такрори ҳамешании яяк порчаи оҳанг. Одатан дар оҳанг чанд қадар хона бошад, ҳамон қадар Бозгӯй амал мекунад. Маъмулан пас аз як давраи хона, баъзан пас аз ду-се хона як бозгӯй меояд. Бозгӯй бештар дар шохаи мушкилоти мақомҳо сурат мегирад. Масалан, дар бахши …

Муфассал »

БОЗГАШТИ АДАБӢ

bozgasht

БОЗГАШТИ АДАБӢ, падидаи муҳимме дар адабиёти асрҳои 18 – 19 Эрон. Аксари муҳаққиқоне, ки дар хусуси Бозгашти адабӣ андеша рондаанд, онро чун сабки тозаи адабӣ ба қалам додаанд. Яҳёи Ориёнпур онро наҳзати адабӣ ва Д. Комиссаров “Мактаби ширин” номидааст. Бинобар ин Бозгашти адабиро на сабк, балки равияи адабӣ гуфтан беҳтар …

Муфассал »

БОЗГАШТ

bozgasht

БОЗГАШТ дар тасаввуф асл (калима)-и шамум аз усул (калимот)-и ҳаштгонаи вазъкардаи хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, ки минбаъд хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд се асли дигар бар онҳо афзуд ва усули ёздаҳгона дар заминаи таълимоти тариқати нақшбандия қарор гирифт (тибқи лигари тақсимбандт – аз рӯи тартиб асли дуюм). Бозгашт калимаи сирф тоҷикӣ буда, дар …

Муфассал »

БОЗАРГОНӢ

bozargoni

БОЗАРГОНӢ, хариду фурӯш, савдо, тавзеъи ҳар навъи колову ашё ва хадамоти марбут ба ин амалу фаъолият ҷиҳати таъмини ниёзмандиҳои гуногуни шахсию ҷамъиятии башарият. Азбаски дар алоҳидагию танҳоӣ ҳеҷ шахс ё ҷомеае наметавонад ниёзмандиҳои худро таъмин кунад, доду гирифти ашёву коло дар сарзамине ё аз кишваре ба кишмӯвари дигар аз замонҳои …

Муфассал »

БОЗАРГОН

bozorgon

БОЗАРГОН мухаффафи бозоргон, савдогар, тоҷир. Исилоҳи Бозаргон аз калимаи бозор – маҳалли хариду фурӯш ва пасванди гон, ки маънои лаёқат, лоиқи бозор буданро дорад, таркиб ёфтааст. Дар шакли бозургон ғалат аст.

Муфассал »

БОЗ

images

БОЗ, яке аз фармонфармоёни диёри Мағриб. Мувофиқи иттилои дар “Ҳабибу-с-сияр”-и Хондамир омада (ин иттилоия ба қавли муаллиф дар “Равзату-с-сафо” мастур будааст), Боз барои табобати яке аз наздиконаш, ки сокини Мақдунияи Юнон буд ва ба бемории барас (песӣ) гирифтор шуда буд, Ҷолинусро даъват намуд. Ҳукмрони шаҳре, ки Ҷолинус дар онҷо зиндагӣ …

Муфассал »