Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 20-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 20-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 20-УМИ КПСС, 14-25 феврали соли 1956 дар Москва барпо гардид. Дар он 1349 вакил бо овози ҳалкунанда ва 81 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд. Дар съезд ҳайати вакилони 55 партияҳои коммунистӣ ва коргарии мамлакатҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

20-sezd-kpss

Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи ҳисоботии Комитети Маркази КПСС; Маърӯзаи ҳисоботии Комиссияи марказии тафтишот (КМТ); Директиваҳои Сьезди 20-уми КПСС оид ба плани панҷсолаи 6- уми тараққиёти ҳоҷагии халқи СССР барои солҳои 1966—60; Интихоби органҳом марказии партия.

Дар маърӯзаи ҳисоботии Комитети Маркази КПСС ва қарорҳои съезд принсипи ленинӣII имконпазирии ҳамзистии осоиштаи давлатҳои сохтииҷтимоиашон гуногун муҳокима, инкишоф дода шуд. Съезд қайд кард, ки дар мамлакатҳои капиталистӣ ҳаракати коргарӣ қувваи асосӣ гардида, таъсири партияҳои коммунистӣ, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ҷавонон пурзӯр шуд, ҳаракати халқӣ барои сулҳи ҷаҳонӣ афзуд. Дар натиҷаи хароб шудани системаи мустамликадорӣ «минтақаи сулҳу амонӣ» ташкил ёфт. Дар маърӯзаи ҳисоботии Комитети Маркази КПСС ва қарорҳои съезд масъалаи шаклҳои ба сосиализм гузаштани мамлакатҳои гуногун аз ҷиҳати назариявӣ асоснок карда шуд.

Съезд натиҷаҳои плани панҷсолаи 5-умро (1951—55) ҷамъбаст намуда, чораҳои мустаҳкам намудани қонунияти советӣ, катъиян риоя кардани ҳуқуқҳои гражданинҳо, васеъ намудани ҳуқуқҳои органҳои республикавиро дар соҳаҳои сохтмони хоҷагӣ ва маданӣ маъқул донист ва ба Комитети Марказӣ супорид, ки инкишофи минбаъдаи демократизми социалистии советиро таъмин кунад.

Съезд оид ба масъалаҳои кори идеологӣ қарорҳои махсус қабул кард. Дар съезд Директиваҳо оид ба плани панҷсолаи 6-уми тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳон 1956—60 қабул карда шуданд.

Съезд масъалаи бартараф намудани шахспарастӣ ва оқибатҳои онро дида баромада, чораҳои барқарор намудани нормаҳои ленинии ҳаёти партиявӣ, инкишоф додани демократияи дохилипартиявиро маъқул донист. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 133 аъзо ва 122 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии тафтишотро иборат аз 63 аъзо интихоб кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …