Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 16-УМИ ВКП(б)

СЪЕЗДИ 16-УМИ ВКП(б)

16-sezd-vkp

СЪЕЗДИ 16-УМИ ВКП(б), 26 июнь —13 июли 19)30 дар Москва барпо гардид. Дар он 1268 вакил бо овози ҳалкунанда ва 891 бо овозимашваратӣ иштирок карданд.  Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи сиёсии Комитети Марказӣ; Ҳисоботи ташкилии Комитети Марказӣ; Ҳисоботи Комиссияи марказин тафтгапот (Комитети МарказиТ); Ҳисоботи Комиссияи марказии назорат (Комитети Марказӣ); Ҳисоботи ҳайати вакилони ВКП (б) дар Комиҷроияи Интернасионали Коммунистӣ; Иҷрои плани панҷсолаи саноат; Ҳаракати колхозӣ ва тараққӣ додани хоҷагии қишлоқ; Вазифаҳои иттифоқҳои касаба Дар давраи азнавсозӣ; Интихоби муассисаҳои марказии партия. Съезд дар соҳаи сиёсати дохилӣ роҳи дар асоси муваффақиятҳои индустронии мамлакат тезондани суръати сохтмони сосиалистиро пеш гирифт. Съезд ба Комитети Марказисупурд, ки минбаъд ҳам суръати баланди сохтмони сосиалистӣ ва дар чор сол иҷро гардидани плани панҷсоларо таъмин намояд. Муваффақиятҳои сохтмонн сосиализм дар деҳот дар ҳаракати оммаи колхозӣ зоҳир гардиданд. Деҳқонони колхозӣ ба такягохи мустаҳками Ҳокимияти Советӣ табдил ёфтанд. Съезд сиёсати дар асоси коллективонии саросар ҳамчун синф барҳам додани кулакҳоро маъқул донист. Съезд баъзе муваффақиятҳои соҳаи револютсияи маданиро қайд карда, вазифа гузошт, ки таълими умумии ибтидоии ҳатмӣ дар вақтҳои наздик ҷорӣ карда, бесаводии аҳолӣ барҳам дода шавад. Съезд маърӯзаро дар бораи иҷрои плани панҷсолаи саноат шунида, муҳокима намуд. Ба ҳаматарафа тараққӣ додани индустрияи вазнин, тезондани суръати инкишофи металлургияи сиёҳ ва ранга диққати махсус дода шуд. Сьезд қарор кард, ки дар вақтҳои наздик дар Шарқ базаи дуюми ангишту металлургияи мамлакат — Комбинати Уралу Кузнецк ташкил кунанд. Қарор карда шуд, ки барои иҷрои бомуваффақияти плани панҷсола ба тайёрии кадрҳои хоҷагию техникӣ аҳамияти махсус дода шавад. Дар съезд масъалаи ҳаракати колхозӣ ҳаматарафа муҳокима гардид. Съезд вайрон кардани рохи партияро дар сохтмони колхозӣ қатьиян маҳкум карда, дар вақти кооперативондани деҳқонон қатъиян риоя кардани принсипи ленинии ихтиёрӣ буданро талаб намуд. Азбаски плани панҷсола дар бобати коллектавонӣ барзиёд иҷро гардид, съезд аз нав дида барамадани плани панҷсолаи тараққиёти хоҷагии қишлоқро зарур донист. Сьезд зарурати баланд бардоштани роли иттифоқҳои касабаро дар сохтмони социалистӣ таъкид карда, вазифаҳои навбатии онҳоро муайян намуд. Съезд шиори «Иттифоқҳои касаба рӯ ба истеҳсолот»-ро ба миён гузошт. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 71 аъзо ва 67 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии тафтишотро иборат аз 13 аъзо ва Комиссияи марказии назоратро иборат аз 187 аъзо интихоб намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …