Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 14-УМИ ВКП(б)

СЪЕЗДИ 14-УМИ ВКП(б)

СЪЕЗДИ 14-УМИ ВКП(б), 18-31 декабри 1925 дар Москва барпо гардид. Дар он 665 вакил бо овози ҳалкунанда ва 641 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи сиёсии Комитети Марказӣ; Ҳисоботи ташкилии Комитети Марказӣ; Ҳисоботи Комисссияи тафтишот (КТ); Ҳисоботи Комиссияи марказии назорат (КМН); Ҳисоботи намояндагоии РКП(б) дар Комитети Иҷроияи Интернасионали Коммунистӣ (КИИК); Дар бораикори иттифоқҳои касаба; Дар бораи кори комсомол; Дар бораи тағйир додани Устави партия; Интихобот.

14-sezd-vkp

Съезд дар резолюсия оид ба ҳисоботи Комитети Маркази бо муборизаи революсионии пролетариат ва халқҳои мазлуми ҷаҳон комилан ҳамраъй будани худро изҳор намуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ қайд карда шуд, ки партия дар сохтмони социализм бемайлон бо роҳи генералии ленинӣмеравад, ки он ба барпо кардани индустрияи вазнин ҳамчунасоси дигаргунсозиҳои сосиалистии тамоми иқтисодиёт нигаронда шуда буд. Съезд роҳи бештар тараққӣ додани саноати вазнинро, ки партия пеш гирифта буд, маъқул донист ва барои индустронии мамлакат директива дод. Съезд программаи конкретии ба воситаи кооперасия ба сохтмони сосиализм ҷалб намудани деҳқонони миёнаҳолро муайян кард. Ба чораҳои андешидаи партия оид ба татбиқи плани ленинии барпо намудани сосиализм «оппозисияи нав» муқобил баромад. Оппозисия Комитети Марказиро ба ҳар гуна хатоҳо айбдор карда, амалиёти ҷудоиандозӣ ва фраксионии худро бо ҳар роҳ маъқул карданӣ мешуд. Оппозисия кӯшиш дошт, ки роҳбарияти партияро ба даст худ гирифта, ҳайати Бюрои Сиёсиро тағйир диҳад ва И. В. Сталинро аз вазифаи Котиби Генералии Комитети Марказӣ дур кунад. Аммо вакилони съезд ба «оппозисияи нав» зарбаи қатьӣ заданд. Съезд роҳи сиёсӣ ва ташкилии Комитети Марказиро маъқул донист. Дар резолюция «Оид ба ҳисоботи Комиссияи марказии назорат» съезд мавқеи ишғолкардаи Комитети Марказиро дар масъалаи муҳофизати ягонагии партия ва дастгирӣ намудани роҳи ленинии Комитети Маркази маъқул донист, Съезд фаъолияти органҳои назорати партиявию давлатиро маъқул донист ва дар резолюсия «Оид ба кори Комиссияи марказии назорат ва Инспексияи коргару деҳқон» даъват намуд, ки муборизаи зидди бюрократизм қувват ва шаклу усулҳои кори муассисаҳои давлатӣ такмил дода шавад. Ба оппозиция, ки ба пурзӯр кардани роҳбарии партия ба иттифоқҳои касаба зид буд ва ба партия «вобаста набудан»-и комсомолро тарғиб менамуд, зарба зад, Съезд Устави нави партияро қабул кард, бинобар таъсис ёфтани СССР РКП,(б) — Партияи Коммунистии (болшевикони) Умумииттифоқ — ВКП(б) номида шуд.

Сьезд Комитети Маркази ВКП(б)-ро иборат аз 63 аъзо ва 43 номзад ба аъзоӣ, Комитети Марказиро иборат аз 163 аъзо интихоб кард. Сьезди 14-уми ВКП(б) ба таърих ҳамчун съезди индустронии мамлакат дохил шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …