Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 12-УМИ РКП(б)

СЪЕЗДИ 12-УМИ РКП(б)

СЪЕЗДИ 12-УМИ РКП(б), 17—25 апрели 1923 дар Москва барпо гардид. Дар он 406 вакил бо овози ҳалкунанда ва 417 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Маркази. а) ҳисоботи саёсии Комитети Маркази, б) ҳисоботи ташкилии Комитети Марказӣ; Ҳисоботи комиссияи тафтишот; Ҳисоботи Комиссияи марказии назорат (КМН); Ҳисоботи намояндаи Россия дар Комиҷрояи Интернационали Коммунистӣ (КИИК);Дар бораи саноат; Сиёсати андоз дар деҳот; Дар бораи ноҳиябандӣ; Ҷиҳатҳои миллӣ дар сохтмони партиявӣ ва давлатӣ; Интихоботи муаосисаҳоӣ марказӣ.

12-sezd-rkp

В. И. Ленин ба сабаби беморӣ дар съезд бевосита иштирок карда натавонист. Маърӯза, асарҳо, мақолаҳо, мактубҳои охирини В. И. Ленин асоси қарорҳои съезд гардиданд. Съезд натиҷаи кори партияро дар ду соли НЭП ҷамъбаст намуда, роҳи сиёсӣ ва ташкилии Комитети Маркази, сиёсати дохилӣ ва байналхалқии вайро маъқул донист. Мувофиқи нишондодҳои В. И. Ленин оид ба такмили аппарати советӣ ва партиявӣ ҳайати Комитети Маркази партия васеъ, КМН ва Инспексияи коргару деҳқон (ИКД) муттаҳид карда шуд. Съезд зарурати пурзур кардани роҳбарии партияро ба тамоми кори советӣ ва хоҷагӣ қайд намуд.

Съезд роҳи мустаҳкам намудани иттифоқи синфи коргару деҳқонро ном гирифта, «Дар бораи сиёсати андоз дар деҳот» ва «Дар бораи кори РКП дар деҳот» қарор қабул кард. Дар қарорҳои съезд зарурати пурзӯр гардондани кооперацияи хоҷагии қишлоқ қайд карда шуд.

Съезд принсипҳои сиёсати миллии лениниро дастури амал карда, ба масъалаи миллӣ аҳамияти калон дод. Съезд зарурати барҳам додани нобаробарии хоҷагӣ ва мадании аз гузашта боқимондаи байни халқҳои Мамлакати Советиро қайд карда, партияро даъват намуд, ки ба муқобили урфу одатҳои шовинизми великорусӣ ва миллатчигии маҳаллӣ муборизаи қатъӣ барад.

Съезд ба масъалаҳои кори РКП(б) дар байни ҷавонон ва занон аҳамияти калон дода, оид ба ин масъалаҳо қарорҳои махсус қабул кард. Дар резолюсияи доир ба масъалаи ташкилӣ кори Истпарт махсусан қайд карда шуд. Съезд Комитети Марказироиборат аз 40 аъзо ва КМН-ро иборат аз 50 аъзо интихоб намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …