Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 10-УМИ РКП(б)

СЪЕЗДИ 10-УМИ РКП(б)

СЪЕЗДИ 10-УМИ РКП(б), 8—16 марти 1921 дар Москва барпо гардид, Дар он 717 вакил бо овози ҳалкунанда ва 418 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд.

10-sezd-rkp

Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи сиёсии-Комитети Маркази; Ҳисоботи ташкилии Комитети Марказӣ; Ҳисоботи Комиссияи марказии назорат; Дар бораи маорифи сиёсӣ ва кори агитасионию пропагандистии партия; Вазифаҳои навбатии партия дар масъалаи милли; Масъалаҳои сохтмони партиявӣ; Иттифоқҳои касаба ва роли онҳо дар ҳаёти хоҷагии мамлакат; Дар бораи ба ҷои развёрстка ҷорӣ намудани андози озуқа; Республикаи Социалистӣ дар иҳотаи капитализм; Ҳисоботи намояндаи РКП(б) дар Интернационали Коммунистӣ; Дар бораи ягонагии партия ва майлони анархосиндикалистӣ; Интихобил органҳои роҳбарикунанда. Ба кори съезд В. И. Ленин роҳбарӣ кард. Съезд дар вазъияти душвор ва мураккаб, дар давраи аз ҷанг ба сохтмони осоишта гузаштани РоссияиСоветӣ ба кор сар кард. Съезд бо ташаббуси В. И. Ленин дар бораи аз сиёсати коммунизми ҳарбӣ ба сиёсати нави иқтисодӣ гузаштан қарор қабул кард, ки он сохтмони социализмро дар мамлакат дар назар дошт. Ғайраз ин, съезд «Дар бораи беҳтар кардани аҳволи коргарон ва деҳқонони мӯҳтоҷ» резолюсияи махсус қабул намуд. Ба амал татбиқ намудани қарорҳои съезд оид ба НЭП ибтидои барқарор кардани хоҷагии халқ ва инкишофи минбаъдаи он бар унсурони капиталистӣ ғалаба кардани унсурони сосиалистӣ, сохтмони сосиализмро дар СССР таъмин менамуд. Сьезд «Дар бораи вазифаҳои навбатии партия дар масъалаи миллӣ» резолюция қабул намуд, ки дар он моҳияти сиёсати миллии партиянишон дода шуда буд. Съезд мубоҳиса оид ба иттифоқҳои касабаро ҷамъбаст намуда, платформаи лениниро қабул кард. Вай ақидаҳои троцкичиён, «оппозицияи коргарӣ», «децистҳо»-ро маҳкум намуд ва вазифаҳои асосии иттифоқҳои касабаро муайян кард. Дар резолюсия қайд шуда буд, ки иттифоқҳои касаба мактаби коммунизм мебошанд. Вазифаи асосии онҳо вазифаи ташкили-хоҷагӣ ва тарбиявӣ мебошад. Иттифоқҳои касаба вазифадоранд ба ташкили истеҳсолоту аз нав барқарор кардани қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат мадад, ба тамоми ҷиҳатҳои зиндагии ҳаррӯзаи аъзоёни худ хизмат расонанд, манфиатҳои онҳоро муҳофизат намоянд. Съезд дар соҳаи сохтмони партиявӣ қарор қабул намуд, ки он ба вусъат ва инкишоф додани демократияи дохилипартиявӣ равона шуда буд. Съезд қарор кард, ки партия аз унсурониғайрикомунист тоза карда шавад. Дар резолюсия оид ба майлони синдикалистӣ ва анархистӣ дар партия, ки онро В. И. Ленин навишта буд, ақидаҳои «оппозисияи коргарӣ» ва дигар гурӯҳҳои фракционӣ сахтмаҳкум карда мешуданд. Съезд бо таклифи В. И. Ленин «Дар бораи ягонагии партия» резолюцияи махсус қабул кард. Дар моддаи 7-уми резолюцияи съезд ба Комитети Маркази ваколат дода щуд, ки агар аъзоёни партия ягонагии партияро вайрон кунанд, фраксияҳо ташкил намоянд ва дар партия ҷудоӣ андохтанӣ шаванд, онҳоро ҳатто аз партия хориҷ кунад, аъзоёни Комитети Марказиро, ба номзадӣ гузаронад ё аз партия барорад. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 25 аъзо ва 15 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии назоратро иборат аз 7 аъзо ва 3 номзад ба аъзоӣ интихоб намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …