Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЁЗДИ 1-УМИ РСДРП

СЪЁЗДИ 1-УМИ РСДРП

СЪЁЗДИ 1-УМИ РСДРП, 13—15 марти 1898 дар Минск пинҳонӣ барпо гардид. Бо ташаббуси иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргарии Петербург, ки онро В. И. Ленин сарварӣ мекард, даъват карда шуд.

1-sezd-rsdrp

Съезд дар хонаи хизматчии роҳи оҳан социалдемократ П. В. Румянсев гузашт. Дар он ҳамагӣ 9 вакил иштирок дошт, онҳо намояндагони ташкилотҳои с.-д.-и калонтарини Россия — «Иттифоқҳои мубориза»-м Петербург, Москва, Екатеринослав, Киев, инчунин гурӯҳи «Газетан коргарӣ» ва Бунд буданд. Ҳамагӣ 6 маҷлис барпо гардид. Бо мақсади конспиратсия протокол тартиб надода, фақат резолюсияҳо менавиштанд. Масъалаи асосӣ ташкил кардани партия буд. Съезд дар бораи барпо намудани Партияисосиалдемократии коргарии Россия (РСДРП), яъне партияи пролетариати ҳамаи мамлакатҳои Россия қарор қабул кард. Комитети Марказии РСДРП-ро иборат аз 3 нафар интихоб намуд (О. И. Редченко — аз «Иттифоқи мубориза»-и петербургӣ, Б. Л. Эйдельман — аз гурӯҳи «Газетаи коргарӣ» ва А. И. Кремер—аз Бунд). «Газетаи коргарӣ» органи расмии партия эълон шуд. «Иттифоқи социал-демократҳои рус дар хориҷа» як қисми партия ва намояндаи он дар хориҷа дониста шуд. Баъди съезд ташкилотҳои с. д. ва иттифоқҳо комитетҳои РСДРП ном гирифтанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …