Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ ЧОРКУҲ

ҚАБРИСТОНИ ЧОРКУҲ

ҚАБРИСТОНИ ЧОРКУҲ, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 2 то м.— нимаи якуми ҳазораи 1 м., ки дар деҳаи Чоркуҳи p-ни Исфараи вил. Ленинобод воқеъ аст. Қ. Ч. аз ду гуристон: (шартан Қ. Ч.-I ва II) иборат мебошад.

Қ. Ч-1 дар Чашмаи Ғозиён, шим. шарқи деҳаи Чоркуҳ воқеъ аст. Қабристонро с. 1952 бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. кашф карданд. Қ. Ч.-I аз 50 пуштаи доирашакл (диаметраш 4,30—9,60 м, баландиаш аз 0,38 то 1,25 м) иборат аст, ки 37—тои он с. 1958 тадқиқ шуд.

Аз қабрҳо сурмасанг, ҳалқаҳои оҳанӣ, порчаҳои оинаи биринҷӣ, зарфҳои сафолӣ ёфт шуданд.

Қ. Ч.-2 тақр. 0,5 км шимолтари Қ. Ч. I, дар лаби сой воқеъ буда, бештар аз 20 пушта дорад.

Аз Қ. Ч-2 камарбанд, пайконҳо, порчаҳои матоъ, муҳра, зуруфи сафолӣ ва ғ. ёфт шуданд.

Ад.: Литвинский Б. А., Курганы и курмы Западной Ферганы, М., 1972.

Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …