Маълумоти охирин

ЭПИЗОД

 ЭПИЗОД (аз юн. epeisodion — айнан— илова, замина), 1) воқеа ва ҳодисаи тасодуф; 2) қисми таркибии сюжети асари бадеист, ки мазмуни мустақил дорад. Дар Э. амали шахс дар замону макон воқеъ мегардад ва муносибати у нисбат ба образҳои дигар, нисбат ба воқеият муайян мешавад. Дар адабиёт воситаҳои гуногуни эпизодбандӣ мавҷуданд.

К. Муҳаммадиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …