Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Шаҳри Лусака

Шаҳри Лусака

ЛУСАКА (Lusaka), пойтахти Республикаи Замбия. Дар қисми марказии мамлакат, дар баландии 1279 м воқеъ аст. Иқлимаш субэкваторӣ.

Шахри Лусака

Ҳарораташ миёнаи январи 20,6е С, июль 15,5°С, боришоти солона 837 мм. Аҳолиаш бо гирду атроф 520 ҳазор нафар (1977). Узели муҳими нақлиёт; роҳи оҳан ва роҳҳои автомобильгард Лусака бо конҳои минтақаи миқдори мамлакат мепайванданд. Аэропорташ aҳамяи­ти байналхалқӣ дорад.

Маркази тиҷорату молтақсимкунии калонтарин ноҳияи хоҷагии қишлоқ корхонаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, заводи цемент, устохонаҳои таъмири автомобиль до­рад. Маркази мадании мамлакат. Дар Лусака университет, коллеҷҳои техникӣ, хоҷагии қишлоқ ва педагогӣ ҳастанд.

ЛУСАКА ДАР ХАРИТА

Совети миллӣ оид ба тадқиқоти илмӣ, ҷамъияти муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ ва табиати Замбия, китобхонии шаҳрӣ ва ғ. низ мавҷуданд Лусака дар ҷои стансияи роҳи оҳан, ки соли 1910 сохта шуда буд, буньёдгардида, ба худ номи сардори қабила Лусакаро гирифтааст. Солҳои 1931—64 маркази маъмурии Родезияи Шимо­лӣ (протекторати Британияи Кабир) буд. Аз соли 1964 инҷониб пойтах­ти Замбия мебошад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …