Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРХАНГИ МУТАРОДИФОТ ВА ИСТИЛОҲОТ»

«ФАРХАНГИ МУТАРОДИФОТ ВА ИСТИЛОҲОТ»

«ФАРХАНГИ МУТАРОДИФОТ ВА ИСТИЛОҲОТ» номи дигараш — «Маҷмӯаи мутародифот», таълифи Муҳаммади Подшоҳ. «Фарҳанги мутародифот ва истилоҳот» аз фаслҳои мутародифот, истилоҳот, ташбеҳот, киноёт ва истиорот иборат аст. Он 3850 истилоҳ ва ибораҳои фразеюлогию маҷозиро дар бар мегирад. Мувофиқи алифбои арабиасоси тоҷикӣ тартиб ёфтааст.
Дар «Фарҳанги мутародифот ва истилоҳот» ҳар як ҳарф дар боби алоҳида омада, дар бораи ин ҳарф ва бадалшавиҳои он маълумот дода мешавад. Сипас моддая луғавӣ, калима ё ибораи фразеологӣ ҷой гирифта, он бо синонимҳо ва калимаву таркибҳо муфассал шарҳ ёфтааст. Ҳ. Аҳмадов.
«ФАРҲАНГИ НАФИСӢ» Фарнудсор, фарҳанги тафсирии форсӣ, ки Алиакбари Нафисӣ солҳои 1899—1924 таълиф кардааст. 158431 моддаи луғавиро дар бар мегирад, ки 58879-тои он форсӣ ва 99552-то, аш арабист. Дар фарҳанг калимаҳои туркӣ ва европоӣ, ки ба забони форсӣ гузаштаанд, низ тафсир ёфтаанд. Моддаҳои луғави мувофиқи тартиби алифбои арабӣ ҷой дода шудаанд. Барои он ки талаффуз фаҳмо бошад, дар паҳлуи ҳар як моддаи луғавӣ транскрипсияи лотинии он ҳам сабт ёфтааст. Пеш аз тафсир бо аломатҳои шарти мансубияти калима ба ин ё он забон, ҳиссаҳои нутқ ва ғайра зикр гардидааст. Пас аз тафсири калимаи асоси, ибораи фразеологин он дар ҳамон моддаи луғавӣ шарҳ меёбад. Омонимҳо бе ягон аломат ҳамчун моддаҳои алоҳидаи луғавӣ оварда шудаанд. Муаллиф дар тафсир ба тобишҳои маъноии калима ва варианти шаклҳо диққат додааст. «Фарҳанги Нафисӣ» (5 ҷилд) соли 1964 дар Теҳрон ба табъ расидааст.
Ҳ. Аҳадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …