Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУРХКӮТАЛ

СУРХКӮТАЛ

СУРХКӮТАЛ, теппа бо боқимондаи маъбади асрҳои 2—3 дар Афғонистони Шимолист (15 км дар ҷануби Пули Хумрӣ). Маъбад соли 1951 кашф шуд. Маъбад аз се оташкадаи болои теппагоҳи муқаддас ва зина иборат аст. Маъбади асосӣ бо девори дорои манора ва сутунҳо иҳота гардидааст. Вай дар замони ҳукмронӣ ё баъди вафоти шоҳи Кушониён Канишка бунёд шудааст. Маъбадҳои дигар дертар бунёд гардидаанд. Хусусияти асосии ибодатгоҳ аз он иборат аст, ки оташпарастӣ боияи сулолавии шоҳони кушонӣ якҷоя шудааст. Дар байни бозёфтҳо порчаҳои асарҳои қадима, низомнома, катибаҳо (ба забони бохтарӣ, алифбои юнонӣ), қимати баланд дошта, аввалин ҳуҷҷатҳои эпиграфие мебошанд, ки аз Бохтари давраи ҳукмронии Кушониён ёфт шудаанд. Дар маъбадҳо бо ҳам омезиш ёфтани усулҳои биносозии маҳаллӣ ва юнонӣ намудор мегарданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …