Маълумоти охирин

СИРИШТ

СИРИШТ, ниҳоди инсон, табиату тинат ва хӯи модарзодии одамро гӯянд.

Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,

Гараш барнишонӣ ба боғи бихишт

(Фирдавсӣ)

Аз рӯи ақидаи динӣ Сиришт ва сарнавишт хоси инсон буда, таквин ва тақдиру қисмати ӯро ифода мекунанд. Ба маънои офариниш ва эҷод низ истифода мешавад. Дар луғат гоҳо ба маънои омехта, махлут кардан ҳам меояд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …