Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЛИБИЙ

ПОЛИБИЙ

polibiy

ПОЛИБИЙ (Роlybios) (тақрибан 201 то мелод, Мегалопол, Аркадия — тақрибан 120 то мелод, ҳамон ҷо), муаррихи Юнони Қадим. Муаллифи асари «Таърих». Асар иборат аз 40 китоб, ки 5 китоби аввалаш пурра то замони мо расидааст. Китобҳои дигар ё гум шудаанд ва ё аз онҳо баъзе порчаҳо боқӣ мондаапд. «Таърих» аввалин кӯшише буд дар баёни таърихи «умумии» Юнон, Мақдуния, Осиёи Хурд, Сурия, Миср, Карфагеп ва Рим дар вобастагӣ бо ҳамдигар; воқеаҳои солҳои 220—146 то мелодро дар бар мегирад. Полибий кӯшидааст муқаррар намояд, ки чаро дар як муддати кӯтоҳ Рим тамоми баҳри Миёназаминро ба худ тобеъ кард. Вазифаи муаррихро на дар тасвири воқеаҳо, балки дар шарҳ додани воқеаҳо, ошкор кардани сабабҳои зоҳиршавӣ ва ҳамбастагии онҳо медид. Полибий чун муаррихони дигари қадим ба фаъолияти шахсони алоҳида аҳамияти калон медод.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …