Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАТАН—600

РАТАН—600

ratan-600

РАТАН600 (ихтисораи ибораи русии “Радиастрономический теле­скоп АН СССР”), калонтарин радиотелескопи ҳалқагиест (диаметри халқаи телескоп 600 м), ки дорои антеннаи профилаш тағйирёбанда мебошад. Барои дар диапазони радиомавҷҳо (аз 8 мм то 31 см) тадқиқ намудани манбаъҳои радиоафканишоти кайҳонӣ таъин шудааст. Ратан-600, ки он дар Кавкази Шимолӣ дар наздикии статсаи Зеленчук воқеъ аст, соли 1977 ба истифода дода шудааст. Ратан-600 якҷоя бо Телескопи калони азимути диаметраш 6 м як қисми Расадхонаи махсуси астрофизикии АФ СССР-ро ташкил медиҳад. Инъикоскунандаи антеннаи радиотелескоп ҳалқаи сарбастаеро мемонад, ки аз 895 элементи мутаҳаррики алюминийи масоҳати ҳар кадомаш 7,4X2 м2 иборат аст. Ин элементҳо тавассути таҳвили элек­трик таҷҳизоти насбкунанда ба мавқеи лозима оварда мешаванд. Эле­ментҳои инъикоскунанда дар болои таҳкурсии бетонӣ ҷойгиранд. Масо­ҳати пурраи сатҳи қабулкунаки радиотелескоп ба 14000 м2 баробар аст. Барои мушоҳидаҳои дарозмуддат Ратан-600 бо оинаи ҳамвори перископии дарозиаш 400-метра ҷиҳозонида шудааст. Ратан-600 коордиватаҳои манбаъҳои радооафканишотро бо саҳеҳии то 0,1-и камон муайян менамояд.

В. А. Капранов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …