Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палеоген

Палеоген

Палеоген, (аз палео — ва юн. genos — син), давраи (системаи) палеогин,  аввалин давраи эраи кайнозой дар таърихи геологии Замин. Истилоҳи «Н.»-ро соли 1866 ге­ологи немис К. Наумал пешниҳод намудааст. Мувофиқи маълумоти ра­диологи Палеогин 67—70 млн сол пеш аз ин оғоз ёфта, 41—43 млн сол давом кардааст. Давраи Палеогин ба замонҳои аввал — палеосен, миёна — эосен, охир — олигосен ва таҳнишастҳои системаи Палеген ба қиемҳои поён, миёна ва боло тақсим мешаванд. Тақсимоти аз ин хурд номи маҳаллӣ дорад. Соли 1935 геологи советӣ О. С. Вялов таҳнишастҳои Палеогени Фарғонаро омӯхта схемаи маҳаллӣ тартиб дод, ки онро то имрӯз дар Осиёи Миёна кор мефармоянд.

Дар давраи Палеоген ҳаракатҳои пурқуввати тектоникӣ ба амал омаданд. Дар қисми ғарбии Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ просесси баландшавии кӯҳҳои Кордилера ва Анд давом кард. Дар фурӯхамидаҳои атрофи ин кӯҳҳо табақаҳои ғафси ҷинсҳои вулқонӣ ва терригении пайдоишашон баҳрию континентӣ ҷамъ шуданд. Дар байни Европа, Африка ва қисми ҷануби Осиё снстемаи калонн геосинклиналӣ вуҷуд дошт, ки аз кӯҳҳои Пиренеи ҳозира то Бирма тӯл кашида буд. Дар нимаи дуюми Палеоген дар натиҷаи кӯҳпайдошавӣ дар соҳилҳои ҷануб ва шимол он ду силсилаи ҷазираҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омаданд.

Қад-қади канори шарқии Африка зонаи кафидаҳои (чокҳои) Африкаи Шарқӣ ба вуҷуд омад. Дар территорияи Шарқи Дур минтақаи геосинклина­ли уқёнуси Ором инкишоф ёфт. Ҳодисаҳои вулқонигзм гайр аз ноҳияҳои ном бурда, дар территорияи Осиёи Хурд, нимҷазираҳои Балкан, Гренландия, Япония, дар СССР — Закавказия, Кам­чатка, Приморил ва дигар ҷойҳо низ мушоҳида шуданд.

Трансгрессияи баҳрҳои палеогенӣ қисми зиёди Нимкураи шимолиро фаро гирифта, дар охирҳои эосен ба авҷи худ расид. Қисми ҷануби платформаи Европаи Шарқӣ, плитаҳои Турон ва Сибири Ғарбӣ, Закавказия, Европаи Миёна ва Ҷанубӣ, Африкаи Шимолӣ ва дигар ҷойҳо зери оби баҳр монданд. Қисми зиёди Тоҷикистони имрӯза (депрсссияҳои Тоҷикистон ва Фарғона, як қисми кӯҳсори Зарафшону Ҳисор)-ро низ баҳрҳои эосенӣ пахш карда буданд. Ҳа­ракатҳои тектоникии нимаи аввали олигосен боиси маҳдудшавии баҳрҳо гардиданд (ғайр аз Европаи Ми­ёна, б. Кариб, хал. Мексика ва ғайра).

Дар ин давра иқлим бештар конти­нентӣ гардид. Дар ҳавзаҳои геосинклиналӣ флиш ва аз замони олигосен сар карда молассҳои баҳрӣ ҷамъ шуданд. Дар ҳавзаи баҳри Миёназамин қабати ғафси оҳаксангҳо ва дар платформаҳо лойқаҳои карбонатӣ, регҳои глауконитӣ ва кварси, опока, трепел, спонголит ва гилҳо ҷамъ омаданд. Дар қаъри баҳрҳои олигосенӣ лойҳои сиёҳтоб ва доломит ва дар қаъри уқёнусҳои Атлантик, Ором, Ҳинд лойқаҳои карбонатию терригенӣ таҳшин шуданд. Таҳнишастҳои континентиро асосан гилу регҳои ангиштдор ва гилҳои сурх ташкил медоданд.

Фауная хушкии даврайи Палеогеография аз фаунаи давраи табошир хеле фарқ мекунад. Дар нимаи аввали Палеогеография бисёр намудҳои хазандаҳо (динозаврҳхо, калтакалосҳои паррон ва калтакалосҳои баҳрӣ) аз байн рафтанд. Дар ин давра обхокиҳои давраи ҳозира ба вуҷуд омаданд. Махсусан моҳиҳои устухондор бисёр буданд. Намудхҳи соддатарини ширхӯрон афзуданд. Аз замони эоцеп сар карда ҳашаротхӯрон, хояндаҳо, приматҳо, даррандаҳо, сумдорҳо, хартумдорҳо, китшаклҳо ва ғайраҳо пайдо шуданд.

Олами набототи Палеогеография асосан аз растаниҳои пӯшидатухм ва лучтухм иборат буд. Аз миёнаҳои эосен сар карда аксари ҷинсҳои растаниҳои ҳозира ба вуҷуд омаданд.

Дар территорияи СССР таҳнишастҳои баҳрию континентии давраи Палеогеорафия дар кӯҳҳои Карпат, Украинаи Ғарбӣ, Поволжия, Кавкзи Шимолӣ, Осиёи Ми­ёна, Сибири Ғарбӣ бештар паҳн шу­данд. Дар таҳнишастҳои давраи Палеогеорафия аз сарватҳои зеризаминӣ ангишти бур, нефту газ, варақсангҳои битумдор. каҳрабо, манган, маъдани оҳан, боксит, диатомит, намакҳои калий ва ғайра мавҷуданд. Аз таҳнишастҳои Палеогеографияи депреосияҳои Фарғонаю Тоҷикистон ва водии Зарафшон конҳои нефту газ, фосфорит ва масолеҳи бинокорӣ ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …