Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Никобар

Никобар

Никобар, гурӯҳи ҷазираҳо иборат аз 19 ҷазира (12-тоаш маскун). Дар байни халиҷи Бангола ва баҳри Ан­дамани уқёнуси Ҳинд воқеъ аст. Территория Ҳиндустон. Macоҳати 1,6 ҳазор км2. Нико давоми кӯҳо Аракан ва силсилаи ҷазираҳои Андаман буда, баландиаш то 642 м аст. Асосан аз варақсангу регсангҳо ва ҷазираҳои хурд бошанд, аз рифҳои марчопӣ таркиб ёфтаанд. Иқлими Никобар экватории муссонӣ, боришоти солона 2200—3200 мм. Ҷазираҳои ҷанубиро бешаҳои ҳамешасабзи тропики ва ҷазираҳои шимолиро марғзорҳои баландалаф фаро гирифтаанд. Сокиноли Никобар бо парвариши нахли норҷил, моҳигирӣ, ҷамъоварии садаф ва ғайра машғуланд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …