Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нафси кул

Нафси кул

Нафси кул (аз ар. ҷон ва  ҳама, тамом), мафҳуми фалсафаи динию идеалистист барои ифодаи зуҳури олам ва мабдаи ҳаракати он, барои ифодаи робитаи олами улвӣ ва олами сифлӣ. Нафси кулл дар системаи афлотуния, навафлотуния, тасаввуф ва исмоилия мафҳуми асосист. Ба ақидаи Афлотун, ки Нафси куллро ҷавҳари онтологӣ медонад, дар тамоми олам ва дар як ашьёи он иштирок дорад. Аз ин рӯ, Нафси кулл ҳамчун маб­даи дорои ҳаракати азалӣ сарчашмаи ҷунбиши олами моддӣ қаламдод мешавад. Нафси кулл баъд аз ақл, ки ягона аст, воҳиди сонӣ буда, аломати афзунӣ ё худ шаҳодати афзунӣ аст. Таълимоти Афлотун дар бораи aқли кулл ва Нафси кулл асоси фалсафаи навафлотуния ва охира асоси онтологияи тасаввуф ва исмоилия гардид.

Дар навафлотуния Нафси кулл зинаи дуюми судур, сарчашмаи пайдоиши материя, ҳайвонот ва наботот донис­та шудааст. Ҳамаи инҳо зинаи пасттари зуҳуротро ташкил медиҳанд. Нафси шахсӣ заррае аз Нафси кулл. ва Нафси кулл мабдаю маоди нафси шахсист. Ин ақида дар асрҳои миёна ба ҷаҳонбинии намояндагони фалсафаи машшоъ, аҳли тасаввуф ва исмоилия роҳ ёфта, шакли бидъатро мегирад, зе­ро ба таълимоти маъмули ислом дар бораи офариниш зид аст. Ба ақидаи аҳли тасаввуф ва исмоилия оламро худо бевосита халқ накардааст, бал­ки он дар ҷараёни қавси нузул аз ақли кулл пайдо шудааст.

Бинобар ин олам, гӯё, инсони кабир аст, аммо Нафси кулл ҷавҳари ӯ ва худи инсон олами са­ғир буда, нафс ҷавҳари он мебошад. Мувофиқи таълимоти фалсафаи ис­моилия, агар ақли кулл мабдаи донишу маърифат бошад, пас Нафси кулл мабдаи ҳаёт ва ҳаракат аст. Ҳамин тариқ, тасаввуф ва исмоилия аз дин дида бештар ба фалсафа майл доштанд. Таълимот дар бораи Нафси кулл баробари моҳиятан ирфонӣ ва иртиҷоӣ буданаш дар асрҳои миёна ифодаи озодфикрӣ низ буд.

Адабиёт: Додмхуцоев Xаёл, Очерки фи­лософии исмаилизма, Душанбе, 1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …