Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Налбандян Микаэл Лазаревич

Налбандян Микаэл Лазаревич

Налбандян Микаэл Лазаревич (02.11. 1829, Нахҷувон, қисми ш.— 31. 03.1866, шаҳри Камишин, вилояти Волго­град), нависанда, файласуф, демок­ратӣ револютсионӣ, сотсиалисти утописти арман. Солҳои 1855—1858 дар факултети тиббии Университети Москва таҳсил намудааст. Налбандян ходими журнали прогрессивии армании «Юсисапайл» (Фарҷи Шимолӣ) буд. Солҳои дар хориҷа буданаш бо А. И. Гертсев, Н. П. Огарёв, М. А. Бакунин алоқа барқарор намуда, дар муборизаи озодихоҳонаи умумирусӣ фаъолона иштирок кардааст. Налбандян зарурати мустаҳкам кардани дӯстии халқҳои арману русро тарғиб намудааст.

Налбандян маълумо­ти энсиклопедӣ дошт ва масъалаҳои фалсафа, иқтисоди сиёсӣ, педагогика ва забоншиносиро тадқиқ мекард. Фалсафаи Налбадян дар инкишофи афкори ҷамъиятии арман марҳилаи муҳим буд. Ӯ пайравӣ материализми антро­пологии Л. Фейербах ва Н. Г. Черни­шевский буд, табиатшиносиро ҳамаҷиҳата тарғибу ташвиқ мекард. Дар соҳаи эстетика реализм ва ақидаи демократщои револютсионни русро тарафдорӣ кардааст. Ақидаҳои Налбандян яке аз манбаъҳои инкишофи маданияти прогрессивии асри 19 арман буд. Налбандян асосгузори реализми танқидӣ дар адабиёти арман мебошад. Ӯ барои ҷорӣ намудани забони нави адабии арманӣ (ашхарабар) мубориза бурдааст. Дар эҷодиёти нависандагони муосири арман анъанаҳои ӯ давом доранд.

Ас.: Избр. философские и общеетвенно-политические произведения, М., 1954; Стихотворения, М., 1967.

Ад.: X а ч а т р я и А. В., Мировоззре­ние М. Л. Налбандяна, «Уч. зан. МГПИ им. В. И. Ленина», 1962, М 171; Даро­нян С.. М. Налбандян, М., 1963.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …