Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Мӯҳтарам Самарқандӣ

Мӯҳтарам Самарқандӣ

Мӯҳтарам Самарқандӣ Муҳаммаҳошим (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Мӯҳтарам Самарқандӣ аз шоирони муқимии Ҳиндустон (аҷдодонаш аз Са­марқанд) буда, дар дарбори Акбар хидмат мекардааст. Қувваи ҳофизааш чунон қавӣ будааст, ки китоби «Маҳабҳарат»-ро дар андак муддате аз бар кардааст. Мӯҳтарам Самарқандӣ дар шеър маҳорати хуб дошта, дар навъҳои гуногуни шеърӣ асар эҷод кардааст. Ашъори парокандааш дар сарчашмаҳои адабию баёзҳои асрҳои 17—19 дучор мешаванд. Қисми зиёди қасоидаш дар ситоиши Акбар аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …