Маълумоти охирин

Мактаб

МАКТАБ – калимаи арабӣ буда маънои дабистон, таълимгоҳ мебошад. Мактаб муассисаи таълиму тарбия, ки дар он омӯзгор ба насли наврас таълим ва тарбия медиҳад. Мактаб чунин намудҳо дорад:

ибтидоӣ, миёнаи нопурра, миёнаи маълумоти умумӣ: Мактабҳои касбӣ, Мактабҳои махсус- Мактабҳои олӣ; Мактабҳои дуньявӣ, Мактабҳои динӣ (конфессионалӣ); Мактабҳои пансионӣ; Мактабҳои омехта (барои писарон ва духтарон), Мактабҳои занона, мардона ва ғ.

Мактаб дар Тоҷикистон

Мактабҳо дар ихтиёри давлат ва муниципалитстҳо мешаванд. Мактабҳои хусусӣ низ ҳастанд. Дар ҷаҳон чунин хели Мактабҳо вуҷуд дорад: Мактаби миёнаи маълумоти умумӣ, ки он хонандагони синфҳои ибтидоӣ (1—3), мобайнӣ (4—8) ва болоиро (9—11) дар бар мегирад; Мактабҳои миёнаи коргарҷавонон ва ҷавонони қишлоқ: Мактаб — интернатхо; Мактабҳои миёнаи махсус; Мактабҳое, ки рӯзи кори бардавом доранд; техникуму омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ; Мактабҳои олӣ ва ғ. Дар ин Мактабҳо писару духтарон баробарҳуқуқ буда, ба забони модарии худ маълумот мегиранд.

Мазмуни кори таълимии Мактаб дар ҳуҷҷатҳои дидактикӣ — плани таълимӣ, барнома, китобҳои дарсӣ ва ғ. ифода мегардад. Дар Мактабҳо шакли асосии таълим дарс аст. Мактабҳои нахустин дар мамлакатҳои Шарки Қадим (Хитой, Бобул, Миср ва ғ.) ба вуҷуд омадаанд; коҳинону рӯҳониёни ин мамлакатҳо дар маъбадҳо Мактабҳо доштанд.

Дар Аврупо Мактабҳои аввалин дар Юнони Қадим тақрибан дар асри 6 то мелод, дар Рими Қадим дар асри 4 то мелод пайдо шудаанд. Дар Мактабҳои Аврупо то асри 19 таъсири дини католикӣ пурзӯр буд. Синфҳои ҳукмрон ҳамеша мекӯшиданд, ки Мактаб комилан дар зери таъсири онҳо бошад ва манфиатҳои синфии онҳоро ифода ва ҳимоя намояд.

Чунон ки сайёҳи хитоӣ Сюан Цзян соли 630 навиштааст, дар Самарқанд бачаҳо аз 5-солагӣ хондан, навиштан ва ҳисобро машқ мекардавд. Ба онҳо дабирон (мирзоён) роҳбарӣ менамуданд. Халифаҳои араб барои нуфузи дини ислом Мактабу мадрасаҳо кушоданро мефармуданд. Имомҳо водор буданд, ки дар ҳузури масҷид Мактаб ҳам кушоянд. Дар ин Мактабҳо саводбарорӣ аз омӯхтани ҳарфу навиштани калима cap мешуд. Мақсади Мактаб ёд доданаи Қуръон буд.

Дар солҳои охири асри 19 шахсони алоҳида Мактабҳои хусусӣ кушода, худашон дарс мегуфтанд. Онҳоро мактабдор меномиданд. Баъзе аз мактабдорон ба ҳусни хат ва ҳисобдории шогирдон эътибор медоданд. Зани мактабдор низ дар хонаи худ Мактаб кушода, ба духтарон таълим медод. Онҳоро бибиотун ё бибихалифа меномиданд. Дар ин Мактабҳо бо усули кӯҳнаи асримиёнагӣ таълим дода мешуд (ниг., Мактаби кӯҳна). Шароити илмгирӣ, усули таълимӣ ин Мактабҳо ниҳоят содда буд. Ҳиҷо-Ҳиҷо хондан саводбарориро басо душвор мекард: бачаҳо дар зарфи 8—9 сол базур хондану навиштанро ёд мегирифтанд.

Донишгоҳи Кембриҷ дар Англия

Дар баробари Мактабҳои онвақтаи Осиёи Миёна Мадраса ва қорихонаҳо низ буданд. Баробари тараққиёти капитализм ва пайдо шудани буржуазияи маҳаллӣ дар роҳи ислоҳоти Мактабҳои кӯҳна ҳаракат cap шуд. Дар натиҷа Мактабҳои усули савтия ба миён омадаад. Дар ин Мактабҳо ба таълими илмҳои дунявӣ низ аҳамият дода мешуд (ниг. Мактаби усули ҷадид).

Барои фарзандони руссон маскуни Туркистон соли 1876 гимназия, Мактабҳои реалӣ, Мактабҳои ибтидоӣ, семинарияҳои муаллимон ва ғ. кушода шуданд. Дар баъзе Мактабҳои русӣ фарзандони мардуми маҳаллӣ ҳам мехонданд. Охири асри 19 барои бачаҳои маҳаллии мактабҳои русии маҳаллӣ кушода шуданд. Ҳарчанд ки ин Мактабҳо ба сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳии рус хизмат мекарданд, дар кори таълими онвақта мавқеи пешқадам доштанд.

Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь кори Мактабро тамоман тағйир дод. дар Иттифоқи Советӣ Мактаб аз дин ҷудо (аз 20. 1. 1918) буда, дар роҳи тарбияи бинокорони бошуури ҷамъияти коммунистӣ хизмат мекунад. Мактабҳои советӣ дар инкишофи ҳаматарафаи насли наврас, ташаккули маънавии онҳо роли муҳим мебозанд, хонандагонро бо асосҳои илм ва донишҳои политехникӣ мусаллаҳ мегардонанд, ба инкишофи ҷисмонӣ, тарбияи ахлоқӣ ва эстетики ҷавонон мусоидат менамоянд, онҳоро ба меҳвнт ва ҳаёти иҷтимоӣ омода мекунанд.

Иттифоқи Советӣ аз соли 1966 ба ҷорӣ намудани маълумоти умумии миёна шурӯъ намуд. «Ягонагии низоми маорифи халқ ва пайдарҳамии ҳамаи хелҳои Мактабҳо барои гузаштан аз зинаҳои поёнии таълим ба зинаҳои баландтари он имконият медиҳад» («Асосҳои қонуни СССР ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар бораи маорифи 19 июни 1973). Дар мамлакатҳои капиталистӣ ин гуна низом вуҷуд надорад. Масалан дар Англия се намуди Мактаби миёна ҳаст: ҳозиразамон (10-сола), грамматикӣ (13-сола), техникӣ (5—7-сола).  Дар онҳо, чун дар дигар мамлакатҳои капиталистӣ, бачаҳо тавассути санҷиш («тестҳои истеъдодӣ») ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд. Аз ин Мактабҳо фақат Мактаби грамматикӣ барои мактабҳои олӣ хонанда тайёр макунанд. Хатмкунандагони дигар Мактабҳо ба Мактабҳои олӣ дохил шуда наметавонанд. Дар давлатҳои собиқ шӯравӣ мактабҳо дар ихтиёри давлат буда, барои маълумотгирии бачаҳо тамоми имкониятҳо мавҷуданд.

Мактабҳои қадимаи мусалмонӣ Ҳоло дарТоҷикистон зиёда аз 3500 Мактаби маълумоти умумӣ (бештар аз 1,5 млн хонанда), 42 Мактаби миёнаи махсус (75 ҳазор хонанда), 23 Мактаби олӣ (150 ҳазор студент-донишҷӯ), 99 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ мавҷуд аст, ки ҳаммаи онҳоро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии худ қарор медиҳад. Дар ҷаҳони имрӯза аз ҳама мактабҳои беҳтарин дар Англия ва ИМА воқеъ буда аз ҷумлаи онҳо Донишгоҳи Кембриҷ ва Донишгоҳи Гарвард мебошад. Муфассалтар дар бораи мактабҳои беҳтарини ҷаҳон дар сомонаи www.timeshighereducation.com дарёфт карда метонед.

Маорифи халқ. Мактаби ибтидоӣ, Мактаби Ҳаштсола, Мактаби миёнаи маълумоти умумӣ, Омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, Мактабҳои махсус.

2) Ҷараён ва равияи сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ, санъат, адабиёт ва ғ. Масалан, санъати тасвирии асри 15-ро «Мактаби минётури Самарқанд», ҷараёни адабии асри 15-ро «Мактаби адабии Ҷомӣ» ном мебаранд.

Ад.: Ленин В. И., Ас,, ч 31; Крупская Н. К., Избр., пед. произведении, М., 1968; Грамоницкий С. М., Очерка развития народного образования в Туркестанском крае, Ташкент, 1800: Айнӣ С., Материалҳои таърихӣ доир ба инқилоби Бухоро, М., 1024; Бендриков К. Е., Очерки по истории народного образования в Туркестане (1805—1024 гг.), М., 1060; Пӯлодов Т., Гузашта ва ояндаи маорифи халқ дар Тоҷикистон. Сталинобод, I960; Арипов (Орифӣ) М., Из истории педагогической мысли таджикского народа (ч. 1), Д., 1002; Обидов И., Очерки мухтасари таърихи маорифи халқи Тоҷикистон, Д., 1005.

Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …