Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мактаби Адабӣ

Мактаби Адабӣ

Мактаби Адабӣ, истилоҳи «Мактаби адабӣ» дар адабиётшиносии тоҷик ба ду маънӣ истифода мешавад: Як гурӯҳи нависандагоне, ки умумияти таърихию ҷуғрофӣ ва қаробати услубӣ доранд. Mac., Мактаби адабӣ Ҳирот, ки дар нимаи дуюми асри 15 бо сарварии Ҷомӣ ва Навоӣ ташаккул ёфт. Бо тақозои муҳити таърихӣ байни шоирони ин давра аз ҷиҳати муносибат ба анъанаҳо, майлҳои ғоявӣ, мазмуни шеър, истифодаи шаклҳои адабӣ умумияти қавӣ дида мешавад. Онро дар қиёси дигар ҳудудҳои ҷуғрофии инкишофи адабиёт доираи адабӣ (ҳавзаи адабӣ) низ гуфтаанд. Эҷодиёти нависандаи барҷастаест, ки асарҳои ӯ дар адабиёт равиши тозае ба вуҷуд оварда бошад. Дар адабиёти тоҷик Мактаби адабии Бедил мавҷуд аст, ки бо таъсири эҷодиёти ӯ ба миён омада, то ибтидои асри 20 давом кард, (ниг. Мактаби Бедил).

Сурати Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғаффуров

Эҷодиёти Айнӣ низ дар насри муосири тоҷик Мактаби адабиро ба вуҷуд овард. Аксаран баъзе ҷиҳатҳои услуб ва шакли эҷодиёти намояндагони як Мактаби адабӣ ба ҳамдигар монанд мешаванд. Мактаби адабӣ ба маънои васеъ принципи муайяни эҷодист, ки эҷодиёти нависанда дар асоси он инкишоф меёбад.

Х. Шарифов.

Инчунин кобед

sadi

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. …